ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқболи парчамбардорони кишвар

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 08/14/2024 - 14:15

Санаи 14-уми августи соли 2024 дар қатори дигар ҳаводорону дӯстдорони варзиши тоҷик ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ, дар кӯчаи Айнӣ бо руҳияи баланди тоҷикона ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ ба истиқболи парчамбардорони кишвар, ғолибони Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпии Париж-2024 баромаданд.

Истиқлолият – пояи дастовардҳои миллӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 08/09/2024 - 13:25

Боиси ифтихор аст, ки имсол мардуми бонангу шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 – солагии истиқлолияти миллии давлатиро бо дасторвардҳои беназир ва нодир, инчунин зери руҳияи баланди худшиносии миллӣ таҷлил менамоянд. Таърихан истиқлолият калимаи муқаддас ва бузург ҳисобида шуда, ҷиҳати ба даст овардани он садсолаҳо мубориза мебаранд. Маҳз, ба туфайли истиқлолият ҳар як давлати алоҳида ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад.

Нақши истиқлолият дар таҳкими равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ бо кишварҳои СҲШ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 08/07/2024 - 09:33

Дар шароити рушди муносибатҳои иқтисодиёти байналмилалӣ масъалаҳои таҳкими равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол самти афзалиятноки сиёсати хориҷиву дохилӣ ба шумор меравад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан ба равандҳои ҳамгироӣ ва иштироки фаъол дар тақсимоти байналхалқии меҳнат аз нуқтаи назари татбиқи манфиатҳои хеш басо муҳим арзёбӣ мегардад ва пиёда гардонидани ҳадафҳои миллӣ дар чунин шароит аз истиқлолияти миллӣ вобастагии калон дорад.

ИНФРАСОХТОРИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 07/31/2024 - 18:18

Термини инфрасохтор аввалин маротиба дар солҳои 20-ми асри 20 дар соҳаи ҳарбӣ истифода шудааст. Дар ин ҷо маҷмӯи иншоотҳое, ки амалиёти самараноки қувваҳои мусаллаҳро таъмин мекарданд инфрасохтори соҳаи ҳарбӣ номида мешуданд.  

Машқи пагоҳирӯзӣ дар саҳни бинои АМИТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Шнб, 07/27/2024 - 08:21

Бо ташаббуси Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 27.07.2023 бо мақсади тарғибу ташфиқи тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш ва ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тамрину машқҳои пагоҳирӯзӣ, инчунин, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар саҳни бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки ҷалби васеи ходимони илмӣ ва магистрантон машқи пагоҳирӯзӣ гузаронида шуд, ки дар чорабинии мазкур ходимони илмии Институт, низ фаъолона ширкат варзиданд. 

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ