Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ роҳи гузариши низоми идораи хоҷагии халқи кишварро дар асоси муносибатҳои нави бозорӣ интихоб намуд. Ҳануз соли 1996 Президенти кишварамон чунин изҳор намуда буданд: «Ислоҳоти куллии иқтисодӣ дар Тоҷикистон роҳи бебозгашт аст.»
Ҳоло аз қуллаҳои баланди дастовардҳои 33 соли тайгаштаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон бояд қайд намуд, ки бо вуҷуди ҷой доштани бисёр мушкилоту монеаҳо дар таъмини рушд, бо бунёди таҳкурсии устувори рушди иҷтимоию иқтисодӣ; шароитҳои муҳими рушд: таъмини истиқлолияти энергетикию амнияти озуқаворӣ ва баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳамчун афзалиятҳои стратегӣ; низоми пешбурди ислоҳот дар шароити зудтағйирёбандаи иқтисодӣ - натиҷаҳои муҳим ба даст оварда шудаст.
Ба мақсади пешгирии таназзули иқтисодиёт аз давраи аввали Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ барои солҳои 1995 - 2000 шурӯъ намуд, ки онро барномаҳои иқтисодии мубориза бо камбизоатӣ ва таъмини рушди устувор иваз намуданд. Бо қабул ва татбиқи Стратегияи миллии рушд, силсилаи барномаҳои рушди бахшу соҳаҳо ислоҳоти сохторӣ ҳамчун заминаи устувор барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ амалӣ шуданд.
Озод намудани нархҳо, савдои хориҷӣ ва амалиёти асъорӣ дар аввали солҳои 90-ум, инчунин, ғайридавлатикунӣ ва хусусигардонии моликият пояҳои ибтидоии иқтисоди бозориро эҷод кардаанд. Ва дар солҳои оянда низ ислоҳоти сохторӣ ва ниҳодӣ ба ташаккули - инфрасохтори бозорӣ, шабакаи васеи бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд, пешбурди мустақили сиёсати андозию буҷетӣ ва пулию қарзӣ, механизмҳои иқтисодиёти кушод бо иштироки васеи ҷумҳурӣ дар тақсимоти байналхалқии меҳнат, мусоидат намуданд.
Дар натиҷа дар Тоҷикистон чорчӯбаи зарурии суботи макроиқтисодӣ барои рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ташкил карда шуд:
• таҳия ва рушди асосҳои меъёрию ҳуқуқии иқтисоди бозаргонӣ, аз ҷумла доир ба хусусигардонии моликият, ҳифзи моликияти хусусӣ, ташкил ва танзими корхонаю муассисаҳои ғайридавлатӣ, ташаккули муҳити рақобат ва фаъолияти зидди инҳисорӣ таъмин гардид;
• сатҳи таваррум (аз 1310% дар соли 1992 то 3,7% дар соли 2023) ва касри буҷети давлатӣ (аз қариб 30% то 0,5% нисбат ба ММД) паст гардид;
• бахши молиявии кишвар бо 14 адад бонки анъанавӣ, 1 адад бонки исломӣ, 1 адад ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 19 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 адад ташкилоти қарзии хурд ва 25 адад фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд. Дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ аз 0,3 млрд. сомони дар соли 2000 (17,4% ММД), то ба 37,7 млрд. сомонӣ дар соли 2023 (28,8% ММД) расидаст;
• бештари бахшу соҳаҳо ва минтақаҳои кишвар бо барномарезӣ бо арзёбии имконияту захираҳо фаро гирифта шуданд. Ҳоло на камтар аз 122 барномаҳои давлатӣ мавриди амал қарор гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, бояд қайд намуд, ки ҳоло ҳаҷми ММД, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзию саноатӣ аз сатҳи соли 1991 зиёдтар аст.
Таҳлил низ нишон медиҳад, ки суръатҳои миёнасолонаи афзоиши ММД ба ҳар сари аҳолӣ аз суръатҳои ҳисоби миёнаи солонаи афзоиши аҳолии кишвар беш аз 2 маротиба зиёдтар буда аз болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ гувоҳӣ медиҳад.
Манбаъҳои асосии рушди иқтисодӣ иборатанд аз амалисозии ислоҳоти иқтисодӣ, аз ҷумла дар самти дастгирии рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва беҳбуди фазои сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикиситон то соли 2030 чун воситаи асосии таъмини ҳадафҳои миллӣ дохил кардааст. Қисми бештари рушди иқтисодии банақшагирифташуда аз тарафи бахши хусусӣ таъмин карда мешавад.
Аз оғози ислоҳотҳои иқтисодӣ, дастгирии рушди соҳибкорӣ асоси ташаккули иқтисоди бозориро ташкил дод. Дар натиҷа дар давоми солҳои 2000-2023 нақши соҳибкорӣ дар иқтисодиёт торафт устувор гардид:
• ҳиссаи бахши хусусӣ дар ММД аз 15% то беш аз 70% афзуд;
• ҳиссаи бахши ғайридавлатӣ дар истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ аз 3,2% то ба 94% баланд гардид;
• ҳиссаи шуғл дар бахши хусусӣ дар ҳаҷми умумии шуғли аҳолӣ аз 32% то ба 70% афзуд;
• шумораи шаҳрвандоне, ки бо фаъолияти инфиродии меҳнатӣ машғуланд (аз рӯйи шумораи шаҳодатнома ва патентҳои додашуда) беш аз 38 маротиба зиёд шудаст;
• ҳиссаи корҳонаҳои хусусӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ аз 1% то 35,2% афзуд.
Тоҷикистон дар самти рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ тадбирҳои ҷиддӣ меандешад. Дар айни замон, якчанд механизмҳо роҳандозӣ шудаанд, ки ба муттаҳидсозии амал дар ҷодаи таҳкими тавонмандии бахши хусусӣ равона шудаанд. Аз ҷумлаи онҳо:
- ДАР САТҲИ МИЛЛӢ:
• асоси меъёрии ҳуқуқӣ таъсис ёфта, амал мекунад, ки фаъолнокии соҳибкорӣ ва сармоягузориро танзим менамояд;
• сохторҳои маъмурӣ таъсис ёфта, амал мекунанд, ки бевосита дар раванди танзими фаъолнокии соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ширкат меварзанд, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз, Вазоратҳои соҳавӣ ва кумитаҳо, Агентии содирот назди Ҳукумати ҶТ аз ҷумлаи онҳо мебошанд;
• механизми миллии ҳамоҳангсозӣ таъсис ёфта, амал мекунад, ки бо таъсиси формати машваратӣ дар доираи Шӯрои миллии рушд дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд аст ва стратегияи умумии ислоҳот (аз ҷумла доир ба беҳбуди фаъолнокии сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ)-ро муайян менамояд ва ба ҳадафи таъмини ҳамкории мутақобила байни мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бобати амалисозии санадҳои стратегӣ таъсис ёфтааст;
• механизми миллии машваратӣ таъсис ёфта, амал мекунад, ки бо таъсиси Шӯрои машваратӣ доир ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2007) алоқаманд аст ва дар асоси шарикии давлат, бахши хусусӣ ва ҷомеаи кумакрасон таъсис ёфта, ҳадафаш роҳандозии муколамаи созанда байни давлат ва соҳибкорӣ, фаъол кардани кори сохторҳои давлатӣ доир ба беҳбуди фазои соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ба иқтисод, пешбурди сиёсати давлатии мураттаб ва ҳамоҳангшуда дар соҳаи фаъолияти сармоягузорӣ мебошад;
• механизми таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар доираи Барномаи давлатии сармоягузорӣ ташаккул ёфта, амал мекунад, ки воситаи муҳими ҳаллу фасли масъалаҳои зерсохтор ва беҳбуди тавонмандии соҳибкорӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошад;
• низоми ҷудо кардани маблағи буҷавӣ дар доираи дастгирии давлатии бахши хусусӣ ва рушди соҳибкории хурд ва миёна амал мекунад, ки дар доираи он фонди дастгирии соҳибкорӣ таъсис ёфта, амал мекунад, ки вазифаи он бо маблағгузории/қарздиҳии соҳибкории хурд, махсусан дар соҳаи истеҳсолот алоқаманд аст; барномаи бурсияҳо (грантҳо) оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон амалӣ мешавад.
- ДАР САТҲИ МИНТАҚАВӢ:
• Шӯрои машваратӣ доир ба беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар ҳар як вилояти ҷумҳурӣ таъсис ёфта, фаъолият мекунад. Шӯрои мазкур дар назди Раиси вилоят –дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раисони шаҳру ноҳияҳо ташаккул ёфтанд;
• Панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил шуда, амал менамояд: –«Суғд» (дар вилояти Суғд), «Данғара» (дар вилояти Хатлон), «Панҷ» (дар вилояти Хатлон), «Кулоб» - (дар вилояти Хатлон), «Ишкошим» (дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон). Дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ режими махсуси ҳуқуқӣ барқарор шудааст, ки режимҳои махсуси андоз ва гумрукиро фаро мегирад;
• Арзёбии самаранокии фаъолияти роҳбарони мақомоти ҳокимияти иҷроия дар асоси таъсиси ҷойҳои корӣ аз ҳисоби сармоягузории ҷалбшуда анҷом мегирад;
• Марказҳои дастгирии соҳибкорӣ дар формати бизнес–инкубаторҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Хоруғ таъсис дода мешавад.
Дар доираи дастгирии сармоягузории рушди соҳаҳои алоҳида таваҷҷуҳ ба афзун намудани тавонмандии бахши хусусӣ дода мешавад. Ҳоло беш аз 90 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ ба соҳибкорон пешниҳод шуда, шароит барои ташкил ва рушди соҳибкорӣ беҳтар мегардад.
Дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳо доир ба дастгирии рушди соҳибкорӣ инъикос ёфтанд. Дар натиҷа, дар самти такмили фазои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир самтгирии фаъолият ба маҷмӯи ташаббусҳо пайваст аст, аз ҷумла бо:
• ташаккул ва рушди инфрасохтор (низоми нақлиёт ва таъминот бо қувваи барқ), ки шароитро барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ беҳтар мегардонанд;
• такмили низоми андозбандӣ ва андозситонӣ, аз он ҷумла дар доираи Кодексҳои андоз;
• рушди механизми дастгирии давлатӣ ва додани имтиёзҳо ба истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони молу маҳсулоти ватанӣ аз ҷиҳати андоз ва боҷи гумрукӣ ҳангоми ворид намудани технология ва таҷҳизоти нав аз ҷониби сармоягузорон;
• ташкили марказҳо ва бизнес – инкубаторҳо, курсҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, саводи молиявӣ ва дараҷаи касбию малакаи соҳибкорон;
• эълон намудани мораторияи тафтиши ҳамаи навъҳои истеҳсолии фаъолияти соҳибкорон ба муҳлати ду сол ( дар соли 2017);
• манъ кардани ҳама гуна тафтиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ дар давраи солҳои 2019–2021 (аз ҷониби ҳамаи мақомоти тафтишотӣ-назоратӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бо шумули Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андоз ва гумруки кишвар) ва эълон кардани “300 рӯзи ислоҳот доир ба дастгирии соҳибкорон ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” (дар соли 2019);
• ҷорӣ кардани расмиёти электронии баррасӣ ва пешниҳоди иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ барасмиятдарории фаъолияти сармоягузориро тавассути пурра ҷорӣ намудани низоми электрониву рақамӣ амалӣ созанд ва фаъолияти марказҳои хизматрасониро ба соҳибкорону сармоягузорон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба роҳ монанд (дар соли 2022);
• ташаккули стандартҳои миллии экологиву иҷтимоӣ ва идоракунӣ дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ( дар соли 2024).
Дар натиҷа баҳри зиёд кардани шумораи ҷойҳои корӣ, васеъгардонии манбаи андоз, афзоиши даромад ва таъмини истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир иқтидор пайдо шуда истодааст. Дар ин самт такон ба ташкили дастгирии соҳибкории хурду миёнае, ки дар соҳаҳои афзалиятнок фаъолият мекунанд, бо таъсиси Фонди дастгирии лоиҳаҳои соҳибкорӣ, мусоидат ба ташакулёбӣ ва мустаҳкамшавии шарикияти давлат ва бахши хусусӣ дода мешавад.
Бояд қайд намуд, ки агар дар солҳои 2000 нақши соҳибкорони хурд бештар дар соҳаҳои савдо, хӯроки умумӣ, хизматрасонӣ бештар назаррас бошад, он гоҳ дар солҳои охир на камтар 35% корхонаҳои хурд дар бахши воқеии иқтисодиёт ташкил шудааст, ки аз ҷумла натиҷаи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ мебошад.
Рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон аз самаранок истифода намудани имконият ва нерӯю иқтидорҳои кишвар, баланд намудани қобилияти рақобатнокии молистеҳсолкунандагони ватанӣ пайваст аст.
Зарурати ташаккули салоҳиятҳои устувор ва навовариҳо шарти муҳими таъмини пешрафти воқеӣ ва дарозмуҳлат шуда истодааст. Ҳамзамон сухан на танҳо дар бораи баланд бардоштани дастрасӣ ба таҳсилот ва навовариҳо, балки дар бораи сифати таҳсилот ва натиҷанокии илм меравад.
Дар марҳилаи миёнамуддат ташаккули заминаҳои зарурӣ барои рушди босуръат дар бахшҳои илм, технология ва инноватсия дар назар аст.
Барои татбиқи гузариши пайваста ва устувор аз навовариҳои технологӣ (аз хариди таҷҳизот ба истеҳсолот ва ҷорӣ намудани технологияҳои истеҳсолии дохилӣ) ба навовариҳои рақобатпазир дар маҳсулот шароит фароҳам оварда мешавад.
Аз ин лиҳоз вусъатдиҳии ҷараёнҳои дастгирии фаъолияти соҳибкори инноватсионӣ дар кишвар муҳим арзёбӣ мегардад.
Рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар минтақаҳо воситаи муҳими ҳалли масъалаҳои шуғлу даромад мебошад. Бинобар ин, таваҷҷуҳ бахшиданро ба - афзун гардонидани масъулият ва ҷавобгарии роҳбарони минтақаҳо нисбати ҷалби сармоя ва рушди соҳибкорӣ, таҳияи механизми ҷавобгарӣ нисбати фаъолияти ғайрисамаранок дар ин самт; омода намудани низоми миллии таҳия ва баррасии рейтинги ҷалибияти сармоя дар миқёси минтақаҳои кишвар; такмили махзани ягонаи иттилоотӣ барои сармоягузорон ва соҳибкорон; устуворгардонии иқтидори Марказҳои ноҳиявии рушди соҳибкорӣ ба воситаи пешниҳоди хизматрасонии таҳияи бизнес-нақшаҳо, ташкил ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бо таъмини диққат ба масъалаҳои андозбандӣ, дастрасӣ ва идораи маблағҳои қарзӣ; таҳия ва баррасии васеъи Роҳнамои сармоягузорӣ (инвестиционный гид) дар миқёси минтақаҳои кишварро муҳим мешуморем.
Ба назари мо, фақат бо фаъолияти дастаҷамъии мақомоту идораҳо ва соҳибкорон тамоюлоти инкишофи муносибатҳои соҳибкориро ҳамчун дурнамо муқаррар намуда истода, афзоиши самараноки фаъолияти соҳибкориро ҳамчун бахши калидии иқтисодиёт таъмин кардан мумкин аст.
Дар маҷмӯъ, истиқлолияти давлатӣ бо таъмини суботи сиёсӣ ва пешбурди ислоҳотҳои иқтисодӣ заминаи муҳимро барои рушди устувори кишвар ва афзоиши бемайлони сатҳи зиндагонии сокинони кишвар мегузорад.
Мудири шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои
иҷтимоӣ-иқтисодӣ, н.и.и. Муминова Ф.М.