ҶАМЪБАСТИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 04/15/2024 - 14:36

Санаи 15-уми апрели соли 2024 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои   Тоҷикистон дар доираи эълон шудани Ҳафтаи илм, ки ба Рӯзи илми тоҷик бахшида шудааст, чорабинии ҷамъбастии илмӣ - семинарҳои илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 2000: Консепсияҳо ва татбиқи онҳо» баромадкунандагон узви вобастаи АМИТ, д.и.и, профессор  Саидмуродзода Л.Ҳ. ва ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Бобозода Ғ.Ҷ. баргузор гардид.
 Дар доираи мавзӯи семинар  масъалаҳои зарурият ва роҳҳои татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвари соҳибистиқлол, тачрибаи ногузири Тоҷикистон дар таҳияи стратегияҳои миллии рушд ва стратегияҳои паст кардани сатҳи камбизиоатӣ, инчунин омода намудани барномаҳои давлатии миёнамӯҳлати рушд ва соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат баррасӣ гардиданд.
  Баромадкунандагон зикр намуданд, ки дастовардҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар замони Истиқлолият натиҷаи дастуру супоришҳои Асосгузори ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ва талошҳои дастҷамъонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мардуми заҳматкаши кишвар, соҳибкорону сармоягузорон, шарикони рушд, созмонҳои ҷамъиятӣ ва давлатҳои ба мо дӯст мебошад. Зимни баррасии масъалаҳо махсусан қайд гардид, ки пешбурди ислоҳотҳо ва инкишофи низоми барномарезии рушди кишвар заминаи муҳим барои ташаккули иқтисоди миллии муосир ва дар ин асос таъмини баланд намудани сатҳи зиндагонии аҳолӣ ташкил намуд. Бино ба баромади иштирокчиёни мизи мудаввар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва ташаккули муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи асосӣ аз солҳои аввали Истиқлолият эълон намуда, марҳилаи ибтидоии амалӣ намудани ислоҳоти иқтисодӣ асосан ба ташкили асосҳои ҳуқуқии низоми нави иқтисодӣ, ташаккул ва такмили давлатдорӣ, қолабшикании тафаккури кӯҳна равона гардида буд.
 Дар хулосаи чорабинӣ қайд карда шуд, ки ҳадафҳои асосии сиёсати давлат баробар бо гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди иқтисодиёт беҳтар гардонидани сифат ва сатҳи зиндагии мардум, таъмини шоистаи ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мебошад.
 

Меню: