16-уми апрели соли 2024 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид, ки дар он Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, муовини вазири маориф ва илм Абдулхолиқзода Лутфия, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода, раиси Комиссияи олии аттестатсиони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин, олимону академикон, номзадону унвонҷуён ва дигар кормандони соҳаи илму маориф иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои вазорату идораҳои давлатӣ барои беҳтар намудани омӯзишу татбиқи дастовардҳои олимони тоҷик дар амал, ихтироъкориву навоварӣ, зиёд намудани теъдоди олимони дорои унвону дараҷаҳои илмӣ, пайваст намудани илм бо истеҳсолот, баланд бардоштани мақоми илму маорифи миллӣ ва дастгирии омӯзгорону олимони ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар чорабинии мазкур докторанти Институт, номзади илмҳои иқтисодӣ Бобозода Комил Олимҷон барои маърӯзаи беҳтарин дар мавзӯи «Рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар даврони Истиқлолият» дар конференсияи илмию назариявии олимони АМИТ бахшида ба «Ҳафтаи илм» ва ба муносибати Рӯзи илм бо «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Ҳамзамон, дар ин ҳамоиш аз ҷониби Маъмурияти шаҳри Борисоглебски вилояти Воронежи Федератсияи Русия муовини директор оид ба корҳои умумӣ Турсунов Исмат Ҷумаевич барои нигоҳ доштани муносибатҳои мавҷудаи корӣ ва дӯстона, ҳамкориҳои судманд ва ба муносибати 140-солагии академик Е.Н. Павловский бо «Сипоснома» қадрдонӣ шуданд.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |