Ҷаласаи умумии солонаи АМИТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 01/05/2024 - 10:57

Санаи 5 январи соли 2024 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии солонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони воситаҳои ахбори ватанӣ доир гардид, ки дар он гузориши президенти АМИТ Ф.Раҳимӣ оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 мавриди баррасӣ, муҳокима ва тасдиқ қарор гирифт.
Ҳамзамон, дар ҷаласаи мазкур ходими пешбари илмии шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисоди, н.и.и. Юнусзода Холмуроди Қурбоналӣ барои силсила корҳо дар мавзўи «Такмили ташхис ва усулҳои арзёбии рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Ҷоиза ва Дипломи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои олимони ҷавон дар соли 2023 ва Бобоев Анвар Абдуллоевич – н.и.и., ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти демографии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – барои дастовардҳои илмии-таҳқиқотӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва теъдоди чопи зиёди мақолаҳо бо «Ифтихорнома» -и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2023 сарфароз гардонида шуданд. 


 

Меню: