Сешанбе, Декабр 16, 2025

РАФТИ ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ИНСТИТУТ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 12/16/2025 - 10:47

16 декабри соли ҷорӣ дар бинои Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида истодааст. Паёми сарнавиштсоз ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву барномавӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, илму маориф, амният, ҳифзи муҳити зист ва дигар бахшҳои ҳаётан муҳимро фаро мегирад.

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 12/16/2025 - 11:43

16 декабри соли 2025 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти муассиса, мудирони шуъбаҳо ва ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид.