Ҷумъа, Ноябр 28, 2025

Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Марҳилаҳои асосии таърихи афкори иқтисодии ҳалқи тоҷик ва вазифаҳои илми муосири иқтисодӣ»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 11/28/2025 - 11:07

Санаи 28-уми ноябри соли 2025 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи «Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2024, №101 тасдиқ гардидааст, конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Марҳилаҳои асосии таърихи афкори иқтисодии халқи тоҷик ва вазифаҳои илми муосири иқтисодӣ» баргузор гардид.