Душанбе, Ноябр 3, 2025

ҚОНУНИ АСОСӢ - КАФИЛИ ВОҚЕИИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 11/03/2025 - 12:21

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аввалин шуда, дар солҳои барои кишвар сахту ноором 6 -  уми ноябри  соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии кишварро таҳия ва қабул кард. Ин санади сарнавиштсоз  самти асосии пешрафти шохаҳои давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муайян намуд. Асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар доираи талаботи Конститутсия ба роҳ монда шудааст. Конститутсияи нави ҷумҳурӣ заминаи воқеии ислоҳоти судии мамлакатро гузошт.