Панҷшанбе, Октябр 30, 2025

Маҳфили илмию адабии «Хирад»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ИЛМИ ИҚТИСОДИ МУОСИР: КОНСЕПСИЯҲО, ВАЗЪИ КУНУНӢ ВА ДУРНАМО

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 10/30/2025 - 15:32

Санаи 30-юми октябри соли 2025 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили навбатӣ ба фаъолияти илмии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло бахшида шуд.