ФОРУМИ ДУЮМИ КОРШИНОСИИ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ - РУСИЯ: РӮЗНОМАИ РУШДИ МУШТАРАК»
Санаи 11-уми октябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ - Русия: рӯзномаи рушди муштарак» бо иштироки роҳбарон ва намояндагони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, коршиносону муҳаққиқон, доираҳои дипломатӣ, намояндагони вазорату идораҳо баргузор гардид.