Ҷумъа, Октябр 3, 2025

Шурои олимон

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 10/03/2025 - 11:00

Санаи 03-юми октябри соли 2025 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:
1. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар нӯҳ моҳи соли 2025
2. Дар бораи тасдиқ намудани Кумитаи тадорукотӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Марҳилаҳои асосии таърихи афкори иқтисодии ҳалки тоҷик»

Супоридани мукофоти соҳавӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 10/03/2025 - 11:46

Санаи 03-юми октябри соли 2025 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ бо иштироки мудирони шуъбаҳо ва ходимони илмӣ ҷаласа баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа барои хизматҳои чандинсола дар соҳаи илм ва маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи ҷавонон ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ сарходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., дотсент Шарифзода Баҳром Маҳмуд бо мукофоти соҳавии нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.