Баъзе омилҳои таъмини амнияти дохилӣ дар Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии таҳиякардаи Пажӯҳишгоҳи афкори ҷамъиятии амрикоии Gallup ба даҳгонаи бехавфтарин кишварҳои ҷаҳон шомил шуда, ҷои дуюмро ишғол кард. Ин маълумот дар гузориши солонаи Global Safety – 2025 оварда шудааст. Тибқи натоиҷи пажӯҳиш, ки дар 142 кишвари ҷаҳон гузаронида шудааст, 95 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтаанд, ки ҳангоми сайру гашти шабона худро бехатар ҳис мекунанд. Дар ин феҳрист Сингапур бо 98% дар ҷои аввал қарор гирифт.