Истиқлолият неъмати бебаҳост
Истиқлолият беҳтарин неъмати ҳар як давлату миллат буда, омили асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Тоҷикистони азиз дар давоми 34 соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти дурандешу тавоно тавонист мақоми шоистаеро дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд.