МАҚОМ ВА НУФУЗИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР ПОЙДОРИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
“Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамоянд ва дар якчанд барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳо дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид шудааст. Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем. Занон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақш ва мавқеи басо муҳим доранд.