Панҷшанбе, Ноябр 21, 2024

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ - ТАҶАССУМГАРИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН ВА РАМЗИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 11/21/2024 - 10:00

Санаи 21 ноябри соли 2024 дар толори Шурои олимони Инсттути иқтисодиёт ва демографияи АМИТ мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар кори он Ходими калони илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ, Салимов Ю. дар мавзӯи «Парчами миллӣ - таҷассумгари давлатдории тоҷикон ва рамзи ҳастии миллат дар замони муосир» баромад намуданд. Дар рафти чорабинӣ таъкид намуданд, ки парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои муҳимтарини давлатӣ буда, 24 ноябри соли 1992 тасдиқ гардида, то имрӯз рамзи ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва истиқлолияти давлатии мо ба ҳисоб меравад.