Ҷумъа, Октябр 18, 2024

КОНСТИТУТСИЯ – ИФОДАГАРИ МАНФИАТҲОИ ХАЛҚ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 10/18/2024 - 10:38

   Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мешавад. Давоми ин солҳо бо ҳидояту раҳнамоии Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони мамлакат роҳи созандагию бунёдкориро пеш гирифта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Қабули Конститутсияи кишвар дар рӯзҳои душвори иқтисодию иҷтимоии мамлакат ба вуқӯъ пайваст ва хиради азалии миллати тоҷик имкон дод, ки аз ин санҷиши таърихӣ бо сари баланд гузашта, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи сазовори хешро пайдо намояд.