Семинари илмӣ
Санаи 13-уми сентябри соли 2024 дар толори Шурои олимони Институт дар асоси Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.06.2024 дар мавзӯи «Таъсири инноватсия ба равандҳои демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таҳқиқоти демографӣ, н.и.и. Субҳонов А.И. ва ходими пешбари илмии шуъбаи мазкур, н.и.и., Қодиров Ш. баромад намуданд.