РУШДИ МИНТАҚАҲОИ КИШВАР ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни муқаддасу миллӣ – 33 солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро дар фазои сулҳу суботи комили кишварамон таҷлил менамояд. Истиқлол барои мо иззату шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва гузашта аз ин, бузургтарин дастовард ва муқаддастарин неъмат ба ҳисоб меравад. Қайд намудан ба маврид аст, ки чунин як гавҳари бебаҳо осон ба даст наомадааст ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ аст.