Чоршанбе, Август 14, 2024

Истиқболи парчамбардорони кишвар

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 08/14/2024 - 14:15

Санаи 14-уми августи соли 2024 дар қатори дигар ҳаводорону дӯстдорони варзиши тоҷик ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ, дар кӯчаи Айнӣ бо руҳияи баланди тоҷикона ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ ба истиқболи парчамбардорони кишвар, ғолибони Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпии Париж-2024 баромаданд.