ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН – ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ
Санаи 21 июни соли ҷорӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимони муассисаҳои илмии Тоҷикистону Чин семинари байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ва Чин – шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ» баргузор гардид. Пеш аз оғози чорабинӣ меҳмонон аз намоишгоҳи дастнависҳои хаттии Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуда, тааассуроти хешро доир ба фарҳангу осори шоирону мутафаккирони барҷастаи тоҷик иброз намуданд.