Ҷумъа, Июн 21, 2024

ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН – ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 06/21/2024 - 10:44

Санаи 21 июни соли ҷорӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимони муассисаҳои илмии Тоҷикистону Чин семинари байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ва Чин – шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ» баргузор гардид. Пеш аз оғози чорабинӣ меҳмонон аз намоишгоҳи дастнависҳои хаттии Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуда, тааассуроти хешро доир ба фарҳангу осори шоирону мутафаккирони барҷастаи тоҷик иброз намуданд.

ҶАЛАСАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «НАВОВАРОН»-И ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «НАВОВАРОН» ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 06/21/2024 - 14:47

Дар асоси Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ аз 15-уми майи соли 2024 №2 санаи 21-уми июни соли 2024 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ оид ба фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и ИИД АМИТ дар нимсолаи аввали соли 2024 баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Қурбонова Ширин иштирок намуданд.