Ҷумъа, Май 31, 2024

Шурои олимон

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 05/31/2024 - 10:00

Рӯзи 31-уми майи соли 2024 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.

Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таҳкими сиёсати андозӣ-буҷетӣ дар марҳилаи нави рушди мамлакат»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 05/31/2024 - 11:30

Санаи 31 майи соли 2024 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 5 январи соли 2024, №3 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар АМИТ барои соли 2024» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таҳкими сиёсати андозӣ-буҷетӣ дар марҳилаи нави рушди мамлакат» баргузор гардид.