Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Рушд ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон»
Санаи 20-уми майи соли 2024 дар шаҳри Ланджоуи Ҷумҳурии мардумии Чин конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Рушд ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар кори он директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода иштирок ва дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Чин – дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ» презентатсия (рӯйнамо) намуда, зикр карданд, ки алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ба роҳандозии ҳамкории фаъол бо Чин оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки марбут ба «иқтисоди сабз», «иқтисоди рақамӣ»,