Душанбе, Апрел 22, 2024

ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 04/22/2024 - 14:10

Санаи 22-юми апрели соли 2024 дар Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бо иштироки муҳаққиқони ҷавон, докторантони PhD, унвонҷӯён, магистрантони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзуи «Илм аз дидгоҳи олимони ҷавон» баргузор гардид.