Панҷшанбе, Феврал 23, 2023

Суханронӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношир: WWW.IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 02/23/2023 - 11:30

Муҳтарам генералҳо, афсарон ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз аз таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, сӣ сол сипарӣ мегардад.