Панҷшанбе, Сентябр 15, 2022

Амнияти Осиёи Марказӣ – кафили пойдории ҳар як давлат

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 09/15/2022 - 16:10

Ҷаҳони муосир хеле ноором ва дар бӯҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву идеологии шадид қарор дорад, ки аслан сабаби он шиддат гирифтани муқовимати қудратталабиҳои ҷаҳонӣ мебошад. Ин  вазъият бе чуну чаро ба оромиву осоиштагии кишварҳои ИДМ, аз он ҷумла, Осиёи Марказӣ таъсири худро расонидааст. Масалан ҳодисоте, ки дар сарҳади миёни Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, ҳар як нафар мардуми ин минтақаи Осиёи Марказиро ба изтироб овард.

Форуми шашуми рушди Марказҳои таҳлилии CAREC

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 09/15/2022 - 17:51

Рўзҳои 15-16 сентябри соли 2022 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Форуми шашуми рушди Марказҳои таҳлилии CAREC дар мавзўи «Тағйир додани динамикаи афзоиш барои иқтисоди фарогир ва устувор» баргузор гардид, ки дар кори он мудири шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ. ва мудири шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и., дотсент Бабаджанов Р.М. иштирок ва суханронӣ намуданд.