Чоршанбе, Апрел 6, 2022

«Дар Тоҷикистон барои рушди тамоми бахшҳои саноат заминаҳои мусоид фароҳаманд»,- бардошт аз ҳамоиши илмиву маърифатӣ дар Душанбе

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 04/06/2022 - 10:32

 Рузи 06.04.22 бо ташаббуси   Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ таҳти унвони «Саноатикунонии босуръат — омили асосии пешрафти кишвар» ҳамоиши илмиву маърифатӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Қазоқистон содироти ғалла ва ордро ба хотири ҳифзи бозори дохилӣ маҳдуд мекунад. Шарҳи хабарнигори АМИТ «Ховар»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 04/06/2022 - 14:51

Тавре қаблан иттилоъ додем, Қазоқистон барои содироти ғалла ва орд маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ намуданист, ки ин ба хотири ҳифзи бозори дохилии он мебошад. Бояд гуфт, ки гандуму орд ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон (беш аз 90 фоиз) ва Русия ворид карда мешаванд. Соли гузашта бинобар камбориш омадани сол дар ин кишварҳо ҳосили гандум кам гардид, ки ин яке аз омилҳои  асосии баландшавии нархи орд мебошад.