Душанбе, Феврал 14, 2022

Лоиҳаҳои 2021-2025

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 02/14/2022 - 12:06

Ҷашни сада ва таърихи пайдоиши он

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 02/14/2022 - 16:28

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.


Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.