Боздиди ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 12/05/2024 - 11:58

Бо мақсади таҳлили рушди механизмҳои инноватсионӣ ва рушди индустриявии минтақаҳои кишвар, аз ҷумла, пайвасти илм бо истеҳсолот санаи 05-уми декабри соли 2024 гурӯҳи кории ходимони илмии Институт дар ҳайати директори Институт – д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода, мудири шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ., мудири шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и. Алимов А.Л., ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, н.и.и. Холбобоев Ф.С., ходими пешбари илмии шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, н.и.и. Махкамов Б.Б., ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и. Раҳмон Ю.А., ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ Носирзода А.А. ва котиби илмии Институт, н.и.и. Ҷалилзода Д.Р. аз Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил»-и ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон боздид намуданд.
Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст. Он бо пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Чин, Швейтсария ва Олмон муҷаҳҳаз мебошад. Дар корхона асосан 32 номгӯй маҳсулоти ресандагӣ истеҳсол карда мешавад.

Меню: