Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 04/30/2024 - 14:40

ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ Ёддошти тафоҳум «Оид ба ҳамкорӣ дар татбиқи барномаи маблағгузории занони соҳибкор дар Тоҷикистон» (Women Entrepreneurs Finance Code) ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Ин санад дар Душанбе дар доираи мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо, мудири иҷроияи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ хонум Жужанна Харгитай ба имзо расид.

Тибқи Ёддошти тафоҳум, ҷонибҳо барои ҷалби шарикии бахшҳои давлатию хусусӣ ва беҳтар намудани таҳлилу истифодаи маълумоти марбут ба фарогирии молиявии корхонаҳо таҳти роҳбарии занон кӯшиш менамоянд. Ин тасмим ба коҳиш додани касри маблағгузорӣ барои занони соҳибкор ва пешниҳоди ҳалли инноватсионӣ баҳри ҷалби сармояи зарурӣ барои рушди онҳо кумак менамояд.

Дар ҳошияи Ёддошти тафоҳум байни Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки «Арванд» тибқи Барномаи «Women in business» созишномаи қарзӣ ба маблағи 5 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид.

Ҳамчунин дар доираи Барномаи мусоидат ба рушди савдои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (TFP) бо Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо» ба маблағи 1 миллион доллари амрикоӣ созишномаи бонкӣ баста шуд.

Меню: