Имрӯз дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби тозанашри муаллифон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон Қаландар Абдураҳмонов таҳти унвони “Иқтисоди меҳнат дар асри зеҳни сунъӣ” рӯнамоӣ гардид.
Дар рӯнамоии китоби мазкур директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Бобозода Комил Олимҷон, Шариф Раҳимзода доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ва дигар олимони соҳаи иқтисодиёт доир ба нашр ва моҳияти китоби мазкур суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки китоби дарсӣ “Иқтисоди меҳнат дар асри зеҳни сунъӣ” аввалин нашрияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон мебошад, ки тағйирот дар иқтисоди меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоӣ меҳнатиро таҳти таъсири технологияҳои зеҳни сунъӣ инъикос менамояд.
Бояд гуфт, ки ба таҳаввулоти бозори меҳнат, шаклҳои нави шуғл, тағйироти талабот ба сармояи инсонӣ ва ҷанбаҳои иҷтимоии автоматикунонӣ бо дарназардошти хусусиятҳои иқтисоди Тоҷикистон ва Узбекистон диққати махсус дода шудааст. Ин нашрия равишҳои назариявӣ ва амалӣ барои мутобиқшавӣ ба табдили рақамиро дар бар мегирад ва инчунин усулҳои инноватсионии таълим, аз ҷумла роҳҳои шахсисозишудаи таҳсил ва истифодаи воқеияти маҷозиро пешниҳод мекунад.
Ёдовар мешавем, ки китоби мазкур барои донишҷӯён, аспирантон, устодон, роҳбарон ва мутахассисони соҳаи иқтисод, идоракунӣ ва технологияҳои иттилоотӣ омода шудааст. Ҳадафи он рушди малакаҳои таҳлилӣ, тафаккури низомнок ва омодагӣ ба фаъолияти касбӣ дар шароити тағйироти рақамӣ мебошад, ки ҳамкории таълимии ду кишвари дӯстро таҳким мебахшад.
+992 (37) 221-67-50 Главная |
Карта сайта |
Контакты |
![]()











Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.







