ИҶЛОСИЯИ XVI-И ШУРОИ ОЛӢ, САРВАРИ ДАВЛАТ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ

Автор: IED.TJ Дата публикации: Пятница, 15 Ноябрь, 2024 - 15:00

Иқтисодиёти Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки мутобиқ ба Энсиклопедияи советии тоҷик “республикаи индустриалию аграрӣ”[1]буду дар Маҷмуи маҳсулоти ҷамъиятии он ҳиссаи саноат зиёда аз 56,0 фоизро ташкил медод, шурӯъ аз соли 1985 вобаста ба саршавии раванди шикасти Иттиҳоди Шуравӣ ба мушкилӣ дучор шуда коҳиш меёфт.
Солҳои охири Иттиҳоди Шуравӣ вобаста ба мушкилиҳои азбайнравии он ва як соли давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон вобаста ба таъсири бесобиқаи ҷанги шаҳрвандӣ аксари корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ аз фаъолият бозмонда буданд. Соли 1992 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат 32,4 фоиз коҳиш ёфт, ки дар таърихи садсолаи охир назир надошт. Идомаи ин раванд бешак боиси шикасти пурраи иқтисодиёт, бекорӣ, гуруснагӣ, тақсими кишвар ба қисмҳои алоҳида ва аз байн рафтани давлати ягонаи тоҷикистониён мегардид. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони акнун соҳибистиқлолии худро бадастоварда бошад ба раванди коҳишёбии иқтисодиёт суръати бештар бахшид.
Чи хеле, ки маълум аст Иҷлосияи XVI-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди як соли соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон баргузор гардид ва ду вазифаи асосиро иҷро намуд.
Хизмати аввали он ташкили низоми давлатдории ба талаботи ҳамон замон ҷавобгӯй, ё ба таври дигар гузариш аз низоми президентӣ ба низоми парламентӣ буд, зеро дар кишваре, ки қисмҳои алоҳидаи он таҳти назорати ҳокимияти марказӣ қарор надоштанд, ташкилу гузаронидани интихоботи президентӣ ғайриимкон ба назар мерасид.
Дуюм, дар такя ба қобилиятҳои созгори замон ҳамчун Сарвари давлат пазируфта шудани яке аз аъзои фаъоли Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки ҷомеа роҳгумзада, иқтисодиёт фалач, ғоратгарӣ дар авҷ, низоми давлатдорӣ баршикаста, ҷинояткорон байрақбадасту зиёиёну роҳбарон сархам буданд. Таъмин намудани сулҳу субот дар кишвар барои аз байн бурдани мушкилиҳои номбурда ва ба роҳ мондани фаъолияти иқтисодӣ заминаи аввалиндараҷа буд.
Коҳиши бесобиқаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, якбора аз байн рафтани шумораи зиёди ҷойҳои корӣ, куч бастани мутахассисони баландихтисос аз мамлакат, бо худ бурдани таҷҳизоти қисме аз корхонаҳои кишвар, фалачшавии инфрасохтори истеҳсолӣ ва мушкилиҳои дигар вазъи молиявии субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолиро пайваста бадтар менамуд. Аввалин қадамҳои ҳукумати навташкили конститутсионӣ ба роҳ мондани идоракунии мамлакат, таъмини амният ва шароити имконпазир барои фаъолияти корхонаю хоҷагиҳо ва мардум буд. Қарорҳои саривақт қабулкарда ва чорабиниҳои зарурӣ имкон дод, то корхонаю хоҷагиҳо ба тадриҷ фаъолияти худро ба роҳ монанд, ки дар аввал он боиси сустшавии раванди коҳиши иқтисодиёт ва баъдан рушди батадриҷи он гардид. (Ҷадвали 1)
Чи хеле, ки аз ҷадвали зикршуда бармеояд, дар 5 соли давраи ҷанги шаҳрвандӣ аз се ду ҳиссаи иқтисодиёти кишвар нобуд шуд. Хусусан соҳаи саноат, ки пешбарандаи иқтисодиёт ва ташаккулдиҳандаи синфи миёнаи ҷомеа мебошад бештар зарар дид. Сатҳи зиндагии мардум коҳиш ёфта камбизоатӣ зиёда аз 83 фоизро ташкил намуд. Заводу фабрикаҳо аз кор бозмонда шумораи бекорон якбора афзуд. Аз мамлакат куч бастани мутахассисон ва тарк кардани он аз ҷониби қисми аҳолӣ вобаста ба мушкилиҳои ҷанги шаҳрвандӣ боиси кам шудани захираҳои меҳнатӣ гардид. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳукумат баргардонидани гурезаҳо ва ба роҳ мондани фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ буд.
Заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки баъди панҷ соли муқовимат ва фалачшавии иқтисодиёт “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” ба имзо расад. Ин аст, ки шурӯъ аз соли 1997 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбати соли гузашта афзоиш ёфт. Аммо ин маънои онро надошт, ки акнун якбора вазъи иқтисодиёт ва некӯаҳволии мардум ба сатҳи пешазҷангӣ баробар шуд. Барои барқарор кардани иқтисодиёт ва сатҳи некӯаҳволии мардум заҳматҳои зиёд, ислоҳоти пайваста, ҷалби сармоя, мутахассисон, хусусан иқтисоддонҳо лозим буданд, зеро дар баробари таъмини рушди иқтисодиёт ворид шудан ба низоми умумиҷаҳонии иқтисодӣ, аз ҷумла Созмони умумиҷаҳонии савдо ва ғайра талаби замон буд. Ин амал асоси таҳкими истиқлолияти иқтисодӣ чун ҷузъи зарурии истиқлолияти кишвар мебошад.
Сатҳи тамаддуни ҷомеа бештар аз вазъи иқтисодиёт, дараҷаи рушди он, маърифати иқтисодию фаъолнокии мардум ва омилҳои дигари ба он алоқаманд вобаста аст. Сатҳи маърифату фаъолнокии мардум, ки асоси пешрафти ҷомеа мебошанд дар навбати худ аз шахсиятҳои ташаббускору неруманди он вобаста аст. Маҳз чунин шахсиятҳо метавонанд ҷомеаро ба роҳи дуруст ҳидоят намоянд ва дар ин раванд дастгиру мададгори он бошанд.
Иқтисодиёт асосу гарави ҳастии ҷомеа ва давлат аст. Ташкили дурусти он ё ба таври дигар дуруст ба роҳ мондани фаъолияти иқтисодӣ ба қонеъ гардонидани талаботи мардум аз ҳисоби истеҳсол ва истифодаи неъматҳои моддӣ равона шудааст. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани фаъолияти иқтисодӣ омили муҳимтарини расидани дилхоҳ ҳукумат ба ҳадафи олии он мебошад.
Ҳадафи олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар ва муҳайё намудани шароит барои зиндагии шоистаи он буда дар тамоми стратегияю барномаҳои рушди ҷумҳурӣ ба иҷрои ин мақсад эътибори ҷиддӣ дода шудааст.
Таҳти мафҳуми баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар сатҳи ҷаҳонӣ афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ фаҳмида мешавад.
Шурӯъ аз соли 2001 иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суръати баланд рушд намуд ва мутаносибан ба нишондиҳандаҳои дигари иқтисодӣ, аз ҷумла Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ таъсири мусбӣ расонид. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар 23 соли охир ин нишондиҳанда аз 405,8 то 12823,5 сомонӣ ё 31,6 маротиба афзудааст. Дар баробари он суръати афзоиши ин нишондиҳанда дар солҳои алоҳида аз суръати рушди иқтисодиёт бештар аст, ки аз даромадҳои иловагии аҳолӣ аз ҳисоби хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ ва ғайра шаҳодат медиҳад.
Дар ин давра ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 2,56 млрд.сомонӣ то 130,8 млрд.сомонӣ ва шумораи аҳолӣ аз 6,37 млн.нафар то 10,2 млн.нафар зиёд шуда афзоиши онҳо мутаносибан 51,1 ва 1,6 маротибро ташкил дод. Албатта афзоиши шумораи аҳолӣ дар навбати худ ба суръати афзоиши нишондиҳандаҳои муайяни иқтисодӣ, аз ҷумла Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ таъсири муносиб мерасонад. Дар ҳолати баланд будани суръати афзоиши шумораи аҳолӣ мутаносибан суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ суст мешавад. Ин аст, ки дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ вобаста ба баланд будани суръати афзоиши шумораи аҳолӣ суръати афзоиши нишондиҳандаи дар боло зикршуда нисбати дигар мамлакатҳо сусттар мебошад. Дар мамлакатҳои европоӣ бошад вобаста ба кам шудани шумораи аҳолӣ суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ болотар аст.
Барои муайян кардани тамоюли тағйирёбии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки онро бо шакли графикӣ нишон диҳем.
Суръати афзоиши миёнасолонаи ММД дар ин солҳо 6-7%-ро ташкил медиҳад ва он ба истиснои солҳои алоҳида (2009, 2020) қариб, ки бетағйир мебошад. Вале аз Ҷадвали 2 ва расми 1 бармеояд, ки дар солҳои 2001-2023 суръати афзоиши нишондиҳандаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи гуногун қарор гирифтааст. Аз соли 2001 то соли 2015 суръати миёнасолонаи афзоиши он 23,5 фоиз ва аз соли 2016 то соли 2021 бошад 9,0 фоизро ташкил медиҳад. Сабаби он албатта тағйир ёфтани вазъи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва хусусан вазъи иқтисодӣ дар кишварҳои шарики тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, таъсири бавоситаи таҳримҳои нисбати Федератсияи Россия қабулкардаи мамлакатҳои ҷаҳон ба Тоҷикистон ва ғайра мебошад.
Таҳлилҳои созмонҳои байналмилалӣ ба монанди Созмони милали муттаҳид, Бонки умумиҷаҳонӣ ва ғайра шаҳодат аз он медиҳанд, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодии дар боло қайдшуда давоми ин солҳо пайваста афзудаанд.
Гарчанде иқтисодиёти кишварҳои дигар дар муддати нисбатан кутоҳ барқарор гардид, иқтисодиёти Тоҷикистон миқдоран дар 21 сол (соли 2012) ва сифатан дар 25 сол (соли 2016) барқарор ё ба таври дигар сатҳи соли 1991-ро соҳиб гаштааст. Ва агар ба болои он имкониятҳои аз дастрафтаро илова кунем ҷанги шаҳрвандӣ кишвари моро тақрибан 45-50 сол ба қафо партофтааст. Албатта, вобаста ба имкониятҳои молиявӣ аввал соҳаи кишоварзӣ (соли 2007) ва баъд соҳаи саноат (срои 2013) сатҳи рушди соли 1991-ро соҳиб гаштанд. Баъдан, иқтисодиёти кишвар ҳамасолона дар сатҳи зиёда аз 7,0% рушд кардааст.
Расидан ба ҳадафи олӣ – баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум аз ташкили дуруст ва таъмини рушди иқтисодиёт, мутобиқ кардани он ба тағйиротҳои сохторию муносибатҳои иқтисодӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ташкили низоми омодакунии мутахассисон ва ҳалли боз чандин масъалаҳои дигар вобастагӣ дорад, ки аз кордонию сатҳи баланди роҳбар вобаста аст. Барқарорнамоӣ ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистони баъдиҷангӣ дар муддати кутоҳ шаҳодати сатҳи баланди кордонию ватандӯстии Сарвари давлат аст, ки омӯзиши алоҳидаро талаб мекунад.
Баъди ба даст овардани истиқлолият дар баробари бунёди низоми нави давлатдорӣ, яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҳукумат, ташкилу бо роҳи замонавӣ идора кардани иқтисодиёти кишвар буд.
“Вақте ки Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад, мамлакатро мамлакат ва қудратро қудрат номидан ба ном буд. Ҷумҳурӣ бо вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷангзадааш ва аз ҷанг эминмонда, вале бенизому бесуботаш, чун пораҳои киштии шикаста дар уқёнуси ҳаводиси айём алвонҷ мехӯрд. Беҳокимиятиву харҷумарҷ ба он оварда буд, ки иқтисодиёти кишвар беназорат монда, ҳар чобукдасте моликияти ҷамъиятиро ба ғорат мебурд. Мардуми аз сиёсат дилсардшуда, аз бими он, ки фарзандонашонро имрӯз ё фардо ба ҷанг накашанд, онҳоро ба ҳар тараф мегурезониданд. Дар мамлакат ҷинояткорӣ ба ҳадди ниҳоӣ расида буд.”[4, c.38]
Дар чунин шароит вазифаи роҳбарияти Тоҷикистони соҳибистиқлол пешгирӣ намудани роҳи шикасти пояҳои давлатдорӣ, ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таъмини амният ба ҳисоб мерафт.
Барқарор кардани иқтисодиёт ва таъмини рушди он дар замоне, ки вобаста ба таъсири харобиовари ҷанги шаҳрвандӣ субъектҳои хоҷагидорӣ пурра фаъолият намекарданд хеле мушкил буд. Гузариш ба низоми нави иқтисодӣ, ислоҳот дар самти моликиятдорӣ, ташкили субъектҳои дар низоми нав фаъолияткунанда, таъмини шароит барои рақобати солим дар бозор, ба мардум додани иттилооти зарурӣ дар бораи фаъолият дар низоми нав, ҳимояи манфиатҳои он ва ҳалли масъалаҳои зиёди дигар дар пеш буд.
Дар соҳаҳои энергетика (қатъ шудани сохтмони НБО “Роғун”, аз низоми ягонаи энергетикӣ ҳудо шудани ҷумҳурӣ, таъмирталаб шудани таҳҳизоти нерӯгоҳу хатҳои таъминоти барқии мавҷуда ва ғайра), саноат (аз кор мондани корхонаҳо вобаста ба қатъ гардидани ҳамкориҳо бо корхонаҳои ҷумҳуриҳои дигар, аз Тоҷикистон баровардани таҷҳизоти корхонаҳо, муҳоҷирати мутахассисони баландихтисос ва ғайра), кишоварзӣ (қатъ гардидани воридоти техника, нуриҳои минералӣ, корношоям шудани низоми обтаъминкунӣ ва ғайра) суръати коҳиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба маротиб зиёд намуда буд.
Пешвои муаззами миллат давраи ниҳоят мураккаби солҳои 90-уми асри гузаштаро таҳлил намуда, чунин менависанд: “Гузариш ба иқтисоди бозорӣ дар шароити иқтисодии басо душвор рост омад. Дар натиҷаи канда шудани робитаҳои иқтисодӣ бо ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ фаъолияти корхонаҳои маҳаллӣ коҳиш ёфта, сатҳи баланди бекорӣ ва таваррум ба паст шудани сатҳи зиндагонии аҳолӣ ва афзудани камбизоатӣ таъсир расониданд. Дар баробари ин, ноустувории вазъи сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ барои гузаронидани ислоҳот монеаи ҷиддӣ гашта, ба фазои сармоягузории кишвар халал мерасонд. Дар баробари ин, ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишварамон ҳисороти азиме расонид, ки оқибатҳои зарар бештар аз 10 млрд. доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад. Он аз буҷети соли 1995, ки қариб 95 млн. долларро ташкил мекард, 105 маротиба зиёд буд.”[2]
Гирифтани пеши роҳи фалаҷшавии минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат, ободсозии харобаҳои ҷанг ва дар ҳамин замина ба маҷрои фаъолият ворид намудани ҳаёти иқтисодии кишвар ба қатори дастовардҳои бузурги роҳбарияти олии мамлакат бо сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд. Маҳз дар ҳамин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист марҳала ба марҳала оқибатҳои кулфатбори ҷанги шаҳрвандиро бартараф намуда, барои ободсозӣ ва рушди минбаъдаи кишвар саъю талош намояд.[3]
Маҳз бо ташаббусу матонати Пешвои муаззами миллат Тоҷикистон аз як кишвари ба қисматҳо ҷудошуда ба кишвари воҳиди ягона мубаддал гардид ва замина барои ҳамкориҳои байни вилоятҳо, коҳиши фарқият дар сатҳи рушди минтақаҳои алоҳида, рушди муносибатҳои бозорӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум гузошта шуд.
Дар натиҷаи ислоҳоти дар ҷумҳурӣ амалигардида муносибатҳои нави иқтисоди бозорӣ, ки асоси онҳоро моликияти хусусӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ ташкил медоданд, ташаккул ёфтанд.
Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар сохта ба истифода додани роҳи оҳани роҳи оҳани Бохтар – Кӯлоб, роҳҳои автомобилгарди Кӯлоб – Хоруғ – Кулма, Душанбе – Хуҷанд – Бустон, сохтмони нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон, Хатлон, Озодӣ, Дӯстӣ, нерӯгоҳҳои Сангтуда 1, Сангтуда 2, 235 нерӯгоҳҳои барқии хурд, ба кор андохтани ду агрегати НБО “Роғун”, таҳдиди нерӯгоҳҳои барқии “Норак”, “Помир 1”, “Сарбанд”, “Қайроқум”, “Варзоб”, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ “Шимол-Ҷануб”, “Лолазор-Хатлон”, “Обигарм-Регар” боиси зиёд шудани истеҳсоли қувваи барқ аз 16 миллиард киловат соати соли 2000 то 20,6 миллиард киловат соат дар соли 2021 гардид, кт аз он 2,44 млрд. киловат соаташ содирот карда шуд.
Дар ин давра Тоҷикистон аз кишвари воридкунандаи маҳсулоти асосии сохтмонӣ - семент ба кишвари содиркунандаи семент табдил ёфт. Агар 10 сол пеш Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қонеъгардонии талаботи ширкатҳои сохмонӣ ва аҳолӣ аз хориҷи кишвар то 2 миллион тонна семент ворид мекард, ҳоло он талаботи дохилиро бо ин намуди маҳсулот пурра қонеъ намуда ба хориҷи кишвар зиёда аз 1,5 миллион тонна семент содирот менамояд.
Сохтори содирот низ вобаста ба зиёд шудани ҳиссаи маҳсулотҳои саноати истихроҷ ва коркард тағйир ёфт. Агар солҳои пешин дар сохтори содиротии кишвар то 70 фоиз ба ду намуди маҳсулот (пахтаю алюминий) рост меомад, ҳоло ҳиссаи онҳо то 30 фоиз поён рафтааст.
Ислоҳоти пайвастаи иқтисодӣ ва амалкардҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ боиси такмили онҳо вобаста ба зарурати таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва омодагӣ ба гузариши муназзам ба иқтисодиёти рақамӣ гардид. Акнун ҳадафҳои стратегии мавҷуда бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ дар шакли нав пешниҳод шуданд: таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат.
Муҳимияти рушди соҳаи саноат дар он зоҳир меёбад, ки бо шарофати он дар кишвар иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва ҷойҳои корӣ ташкил дода шуда ҳиссаи маҳсулоти арзиши бештари иловагидошта меафзояд. Илова ба он рушди соҳаи саноат боиси афзоиши табақаи миёнаи аҳолӣ мегардад, ки барои расидан ба мақсади олии Ҳукумати кишвар – баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум аҳамияти хоса дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун махзани ғояю мулоҳизаҳои навоварона ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва пешниҳоди роҳҳои нави таъмини рушди иқтисодиёти мамлакат саъю талош намуда, вобаста ба тағйирёбии шароит вазифаҳои нав ба навро ба миён мегузоранд.
Ба пешрафти ояндаи мамлакат дахл намуда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд: “Мо инкишофи устувори минбаъдаи кишварро дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ карда, барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҳтимоӣ талош менамоем ва ҳиҳати роҳ надодан ба осебпазирии иқтисоди миллии кишвар дар давраи дарозмуҳлат тадбирҳои алоҳидаро амалӣ карда истодаем”.[4]
Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат ислоҳоти иқтисодӣ идома ёфта, чорабиниҳо барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, муҳити соҳибкорӣ, ташкили шароит барои рушди бахши хусусӣ, мутобиқ кардани сиёсати фискалӣ, андозӣ, гумрукӣ, пулию қарзӣ ба талаботи замон, татбиқи лоиҳаҳо бо мақсади рушди иқтидори содиротии кишвар идома ёфта истодааст.
Яке аз ташаббусҳои хоса муҳими Сарвари давлат, ки онро наметавон сарфи назар кард пешниҳод оид ба истифодаи низоми президентии идоракунии давлат буд. Таърихи начандон тулонии кишварамон, инчунин таҷрибаи кишварҳои дигари пасошуравӣ, ки бо ин роҳ нарафтанд исбот намуд, ки низоми президентии идоракунӣ ба хусусиятҳои хоси мардуми мо ҷавобгӯй буда, суботу амният ва оромии ҷомеаро таъмин менамояд. Маҳз бо шарофати низоми президентии идоракунӣ дар кишвар суботи сиёсӣ ва рушди устувори иқтисодиёт таъмин карда шуд.
Албатта дар доираи як мақола инъикос намудани моҳияти Иҷлосияи XIV-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳама самтҳои фаъолияти Пешвои муаззами миллат, аз ҷумла мусоидат ба рушди иқтисодиёти кишвар ғайриимкон аст. Вале, нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, пайваста афзудани шумораи корхонаю коргоҳҳои нав, ташкили ҷойҳои нави корӣ, боло рафтани сатҳи некӯаҳволии мардум, афзоиши обурӯйи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва ғайра шаҳодати нақши хосаи иҷлосияи номбаршуда дар пойдории сулҳу субот ва самарабахшии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.


Шариф Раҳимзода – Директори Институти иқтисодиёт

ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон


Адабиёт:
1. Эмомалӣ Раҳмон. Уфуқҳои истиқлол.-Душанбе: “Ганҳ- нашриёт”, 2018. – 524 с.
2. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, http://president.tj/node/24374 (санаи муроҷиат - 24.09.2022)
3. Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҳлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, http://president.tj/node/10585 (санаи муроҷиат 25.09.2022).
4. Достиев А. Ситораи ғолиб. Душанбе, 2006. – 187 с.
5. Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд. Ҷилди I.- Душанбе: «Матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», 2019. – 346 с.
6. Тоҷикистон: 20 - солагии истиқлолияти давлатӣ. –Душанбе: “Шарқи озод”, 2011. – 783 с.
7. Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2000 ва 2021. – Душанбе: Раёсати табъу нашри Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2001 – 2020. – 741 с.
8. Тоҷикистон: 30-соли истиқлолияти давлатӣ. Маҷмӯаи оморӣ. – Душанбе: Раёсати табъу нашри Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2021. – 702 с.
9. https://ru.wikipedia.org/wiki/Цивилизация (санаи муроҷиат 25.09.2022)
10. Энсиклопедияи советии тоҷик. ҷ.7. Душанбе: Ирфон, 1987. – 562 с.
[1] Энсиклопедияи советии тоҷик. ҷ.7. Д: Ирфон , 1987. - С. 138
[2] Эмомалӣ Раҳмон. Уфуқҳои истиқлол. - Душанбе: “Ганљ-нашриёт”, 2018.- С.22
[3] Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд. Ҷилди I. - Душанбе: «Матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», 2019. - С.225
[4] ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 20.01.2016, ШАҲРИ ДУШАНБЕ HTTP://PRESIDENT.TJ/NODE/10585 (САНАИ МУРОҶИАТ - 10.08.2022)

Меню: