СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ - ЗАМИНАИ РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН»

Автор: IED.TJ Дата публикации: четверг, 14 Ноябрь, 2024 - 10:20

    Санаи 14 ноябри соли 2024 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Иҷлосияи тақдирсоз - заминаи рушди босуботи Тоҷикистон» бо иштироки ходимони илмии муассиса семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар кори он ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и. Бобозода К.О. дар мавзӯи «Нақши Иҷлосияи тақдирсоз дар таърихи навини давлатдории тоҷикон» баромад намуданд.
   Дар рафти чорабинӣ қайд гардид, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи худро ҳамчун рӯйдоди тақдирсоз ва ҳалкунанда касб намудааст. Баргузории Иҷлосияи мазкур - ин оғози давраи наве дар таърихи навини тоҷикон, оғози марҳилаи воқеии расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу суботи миллӣ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, омӯхтан ва пос доштани аҳамияти таърихии ин Иҷлосия барои ҳар яки мо, наслҳо ва ҷомеаи имрӯзаю оянда ниҳоят муҳим, ибратомӯз ва қарзи фарзандию ифтихори ватандорӣ ба ҳисоб меравад.
 

Меню: