СЕМИНАРИ НАЗАРИЯВӢ – “МУАММОҲОИ МУБРАМИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН”

Автор: IED.TJ Дата публикации: понедельник, 28 Октябрь, 2024 - 15:35

   Санаи 28-уми октябри соли 2024 дар толори Шурои олимони Институт дар асоси Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ доир ба гузаронидани семинарҳои илмӣ-назариявии доимоамалкунанда дар мавзӯи «Моделҳои муосири ояндабинии рушди иқтисодиёти кишвар» семинар баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, н.и.и. Муминова Ф.М., ходими пешбари илмии шуъбаи мазкур, н.и.и., Юнусзода Х.Қ. ва ходими илмии ҳамин шуъба Ишматова Д.А. баромад намуданд.
   Дар раванди чорабинии мазкур се маърузаи бо ҳам пайваст бо руномо ва муҳокимаҳои мушаххас доир карда шуд. Диққати иштирокчиён бештар ба чорчубаи назариявию амалии раванди моделсозии рушд, талаботу интизориҳо доир ба натиҷаҳои истифодаи моделҳои гуногуни рушд ҷалб карда шуд. Гузориши масъалаҳои методии ояндабинии кутоҳмуддат ва миёнамуддати равандҳои макроиқтисодӣ дар маҷмуъ, ва қисматҳои алоҳидаи он, мисол доир ба  рушди содироту воридот, сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ таъмин гардид. 
 

Меню: