Семинари илмӣ

Автор: IED.TJ Дата публикации: Пятница, 13 Сентябрь, 2024 - 10:00

Санаи 13-уми сентябри соли 2024 дар толори Шурои олимони Институт дар асоси Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.06.2024 дар мавзӯи «Таъсири инноватсия ба равандҳои демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таҳқиқоти демографӣ, н.и.и. Субҳонов А.И. ва ходими пешбари илмии шуъбаи мазкур, н.и.и., Қодиров Ш. баромад намуданд.
Зикр карда шуд, ки љорӣ шудани инноватсияҳо дар соҳаҳои иљтимоӣ ба равандҳои демографӣ аз қабили банақшагирии оила, фавт, камшавии сатҳи бемории аҳолӣ ва дарозумрии миёна таъсири бевосита доранд. Инноватсияҳои технологӣ ба равандҳои муҳољират, шаҳрнишинӣ (урбанизатсия) ва зиччии аҳолӣ таъсири бевосита доранд. Ҳамчунин қайд гардид, ки муҳољирати берунии меҳнатӣ як василаи муҳими паҳнкунии инноватсияҳо дар байни кишварҳо мебошад.
 

Меню: