Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки 30.05.2024 баргузор гардида буд, санаи 18 июни соли 2024 дар толори Шурои олимон дар мавзӯи «Пешвои миллат ва рушди илми иқтисодӣ дар кишвар» мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар оғози кори мизи мадаввар директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд. Зикр гардид, ки ҳадафи вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар ин баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар буд. Таъкид гардид, ки зимни суханронӣ Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои кори олимонро тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлили амиқ намуда, барои дарёфти роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани илми ватанӣ ва хизмат кардани он дар роҳи рушду пешрафти давлат дар назди Ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Дар мизи мудаввар, инчунин, муовини директор оид ба корҳои илм ва таълим, д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б., котиби илмии Институт, н.и.и., Ҷалилзода Д.Р., раиси Шурои диссертатсионии 6D.КОА-017-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Ҷонмамадов Ш.Б. ва дигарон баромад намуданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода чорабинии мазкурро бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар ироа доштанд, ҳусни хотима бахшид: «Ба ақидаи ман, идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд».
+992 (37) 221-67-50 Главная | Карта сайта | Контакты |