ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Автор: IED.TJ Дата публикации: вторник, 21 Май, 2024 - 11:42

   Санаи 21 майи соли 2024 таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳраки академӣ бо иштироки раёсат ва олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон роҳпаймоии осоишта баргузор гардид, ки дар ин чорабинии мазкур ходимони илмии ҷавони Институти иқтисодиёт ва демография иштирок намуданд.
    Дар роҳпаймоӣ имрӯза олимону кормандон тарафдорӣ аз сиёсати оқилона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, дар сафи пеш бо бардоштани расми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳпаймоии осоишта ҳусни оғоз бахшиданд.
    Ҳамзамон, дар чорабинӣ гулдухтарони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба хотири эҳёи фарҳанги милливу либосҳои миллии тоҷикона, дар роҳпаймоии осоишта бо пушидани либосҳои миллии тоҷикона ба ҳусни чорабинӣ таровати дигар бахшиданд. 
   Дар интиҳои чорабинӣ як қатор устодону кормандон ва олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-ҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.


 

Меню: