«Рӯзи Модар»

Автор: IED.TJ Дата публикации: четверг, 7 Март, 2024 - 16:37

   07 марти соли 2024 бо иштироки бонувони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба таҷлили «Рӯзи Модар» чорабинии идона баргузор гардид. Директори Институт, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода тамоми занону бонувони Институтро бахшида ба «Рӯзи модар» табрик намуда, зикр карданд, ки Модар шахсест, беназир, фариштаест дар рӯи замин ва ҳуррест дар Боғи Ҷаннат. Меҳру муҳаббати Модар такрорнопазир аст. Ӯ муқаддастарин мавҷудоти рӯи олам аст, назирашро каси дигар надорад. Модар метавонад ҳамаро иваз кунад, аммо касе ӯро иваз карда наметавонад, чун мақоми дигар дорад. Дар васфи ин фариштаи заминӣ чӣ қадаре, ки ситоиш кунему ҳамду сано хонем, кофӣ нест, ба навиштан хома оҷизӣ мекашад. 
   Дар идома академики АМИТ, мудири шуъбаи таҳқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда Қаюмов Н.Қ., узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ. ва дигарон бонувони Институтро бо ин рўзи фараҳбахш табрик намуданд.


Туро дар олами фонӣ фано нест
Мақоматро ба ҷуз ҳамду сано нест,
Баландиҳои ту аз хоксорист
Бузургиҳои ту аз бурдборист!
 

Меню: