ШУРОИ ОЛИМОН

Автор: IED.TJ Дата публикации: четверг, 29 Февраль, 2024 - 10:28

Рӯзи 29-уми феврали соли 2024 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
1. Дар бораи тасдиқ намудани роҳбари семинари илмӣ-назариявии доимоамалкунандаи ИИваД ва нақшаи кории он барои соли 2024: «Муаммоҳои актуалии рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон».
2. Арзёбии фаъолияти Шурои диссертатсионӣ дар доираи талаботи Низомномаи Шурои диссертатсионӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «30» июни соли 2021, №267 тасдиқ шудааст
3. Ҳисоботи доқторантон (PhD)-и соли сеюми таҳсили Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
4. Оид ба пешниҳод намудани монографияи илмии Қаюмов Н.К. – академики АМИТ, д.и.и., профессор «Проблемы снижения материалоёмкости» барои дарёфти ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника (оид ба илмҳои ҷамъиятшиносӣ)
5. Баррасии аризаи Аслонов Сулаймон Махкамович оид ба қабул намудан ба ҳайси унвонҷӯ-докторант дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
6. Тасдиқи мавзӯъҳои илмии унвонҷӯёни соли якуми таҳсил
7. Масъалаҳои ҷорӣ
 

Меню: