Нишасти матбуотӣ дар АМИТ

Автор: IED.TJ Дата публикации: четверг, 8 Февраль, 2024 - 10:16

Санаи 08-уми феврали соли 2024 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногун, рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғоз Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳузури намояндагони васоити ахбори оммаро ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо сухани муқадимавии хеш ба кори нишаст оғоз бахшид.
   Зимни нишаст дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Хушвахтзода Қ.Х. мухтасар дар бораи корҳои анҷомёфтаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2023 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд. Гуфта шуд, ки натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ беш аз 3960 кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 60 монография, 75 китобу дастур, 10 маҷмуаи мақолаҳо, 10 маводу тавсияномаҳо, 5 фарҳанги истилоҳотӣ ва беш аз 3800 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 3370 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, қариб 400 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд.
Дар охир аз ҷониби намояндагони васоити ахбори омма саволњо пешниҳод гардиданд, ки ба ҳар кадоми он Президенти АМИТ, ноибони президент, директорони институтҳо посухҳои мушаххас доданд.
 

Меню: