ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – БАРНОМАИ АМАЛ

Автор: IED.TJ Дата публикации: понедельник, 29 Январь, 2024 - 16:05

   Мардуми сарбаланди тоҷик ҳар сол бо нигоҳи умедбахш ва орзуҳои нек ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси олӣ, ки самтҳои асосии сиёсати дохилию ҷумҳуриро барои соли минбаъда саҳеҳу дақиқ ишора менамояд, интизорӣ мекашанд ва истиқбол мегиранд. Дар ҳақиқат, Паёми Пешвои муаззами миллат, ки тӯли 21 соли охир мунтазам ироа мегардад, дар беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ, ба вуҷуд овардани навгониҳои тоза дар кулли соҳаҳои хоҷагии халқ ва рӯзгори қишрҳои гуногуни аҳолӣ саҳми беандоза дорад. Маврид ба зикр аст, ки дастуру супоришҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси олӣ, ки кулли ҷабҳаҳои ҳаёти фаъолияти ҷумҳуриро дарбар мегирад, ҳар сол марҳилаи навро дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ оғоз бахшида, барои роҳбарони сатҳи гуногуни мақомот ва идораҳои давлатӣ, соҳибкорони ватандӯст, аҳли зиё ва умуман, ба тамоми мардуми сарбаланди кишвар ҳамчун барномаи амал роҳнамо ва нақшаи фаъолият мебошад. Аз ҳамин нуқтаи назар, Паём дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла, дар фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар, хосатан, ҷабҳаи созандагию бунёдкорӣ ободиву зебоиро дар худ инъикос менамояд. Аз ин лиҳоз, метавонем онро ҳуҷҷати илҳомбахш, заминаи асосӣ ва  таҳкурсии пешравиҳои кишвари азизамон номем. 
   Боиси қайд аст, ки амалишавии самаранок дар самти сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодӣ баҳри дастрасии ҳадафҳои рушди устувор, густариши муносибатҳои байналхалқӣ аз сиёсати хирадмандона, инсонпарварона ва башардӯстонаи Сарвари давлат дарак медиҳад. 
   Дар фалсафаи давлатдорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба арсаи сиёсат қадам ниҳодан ба души худ масъулияти идораи давлати соҳибистиқлолро, ки хеле гарон, заҳматталаб, пурмасъул буда, зарурати доштани донишҳои сатҳи баланди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фалсафиро талаб мекард, гирифтанд, ки ҳадафи асосии он сулҳоварӣ, ваҳдатгароӣ, созандагӣ, бунёдкорӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар буд. Дар тӯли солҳои фаъолият то ҳол таҳти роҳбарии Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат кишварамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст, ки  онҳо дар шинохти Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, таъмини сатҳи шоистаи зиндагии мардум аз ҷониби ҳамагон эътироф гардидаанд. Дар чорчӯбаи чунин сиёсати хирадмандона соли ҷорӣ низ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала дар Паём чунин иброз доштанд: “Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд. ... Мо, ҳамчунин, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем”.
   Ҳар як масъалае, ки дар ин суханронӣ аз тарафи Сарвари давлат қайд гардидааст, барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон аҳамияти хеле бузург дорад. Зеро, ин суханрониҳо дар байни мардуми шарафманди кишвар эътимод ба фардои нек, барои иродаи қавӣ доштан, содиқона ва софдилона фаъолияти намудан барои фардои дурахшон илҳом мебахшад. Аз ин рӯ, мардуми шарафманди кишвар бо масъулияти баланд бояд баҳри амалишавии  масъалаҳои зикргардида саъю кӯшиш намоянд.
   Дар Паёми Пешвои муаззами миллат тамоми ҷанбаҳои ҳаёти кишвар дар тули солҳои охир варақгардонӣ шуда, натиҷаҳои назарраси он баён гардид. Аз ҷумла, махсусан қайд карда шуд, ки дар ҳафт соли охир: - афзоиши суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоиз ва ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар; - хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаи иҷтимоӣ зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ; - воридоти беш аз 95 миллиард сомонии сармояи хориҷӣ, ки 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим аст;  - афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,4 баробар; - ташкили беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ аз ҷониби соҳибкорони кишвар; сохта ба истифода додани 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул ва ғайра таъмин карда шуд. 
   Боиси таъкид аст, ки натиҷаҳои дар боло зикргардида ба осонӣ ба даст наомадааст, зеро ҳамаи он натиҷаи заҳмату меҳнати фидокоронаи шаҳрвандони боору номуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар асоси дастур ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат иҷро гардида, ба комёбиҳо ноил гаштаанд.  Масалан, суръати миёнаи рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2023 дар натиҷаи фаъолият ба 8,3 % расидааст, дар давраи мазкур 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ бунёд гардидааст, ки дастовардҳои назаррас мебошанд. Бинобар ҳамин, боиси қайд аст, ки дар охири соли 2022 аз ҷониби коршиносони “Фонди байналмилалии асъор” дар асоси таҳлилҳои вазъи баамаломадаи иқтисодиёти ҷаҳон, муноқишаҳои байни Украина ва Россия, вазъи геосиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ пешгӯӣ гардид, ки соли 2023 рушди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикстон бо сабаби коҳиш ёфтани даромади муҳоҷирон дар атрофи 4-6% таъмин хоҳад гашт. Вале, чӣ тавре ки Пешвои миллат дар Паёми худ қайд намуданд, дар соли 2023 рушди иқтисоди давлат ба 8,3% баробар мебошад, ки аз пешгӯии мутахассисони фонди байналмилалии асъор ба маротиб зиёд аст. Бо ин гуфтан мумкин аст, ки вобастагии самтҳои рушди иқтисодиёти миллӣ аз даромади муҳоҷирон сол ба сол коҳиш ёфта, захираҳои дохилии кишвар ба гирдгардиши мол ва хизматрасониҳо ворид гашта истодааст. 
Ба ҳамагон маълум аст, ки афзоиши суръати рушди иқтисоди миллӣ ин афзоиши ҳаҷми ММД-и реалиро дар назар дорад, ки он сарчашмаи захираҳои буҷавӣ, даромади аҳолӣ, беҳбудии фаъолияти субъектҳои хоҷагидориро низ ғайримустақим ифода менамояд. Дар ин радиф, Пешвои миллат дар баробари баҳои баланд гузоштан ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар доир ба ҳар як раванди сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дастуру супоришҳои зарурӣ доданд, ки дар фаъолияти минбаъда барои иҷрои он ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ватани худро дӯст медорад, сарҷамъ ва омода бошанд. 
   Боиси хушнудист, ки дар Паёмҳои худ Пешвои муаззами миллат такрор ба такрор қайд менамоянд, ки ҳадафи олии давлати Тоҷикистон мунтазам баланд бардоштани некуаҳволӣ, сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Бинобар ин, чӣ тавре ки аз Паём бармеояд, дар масъалаи коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ то ҳол дар иқтисодиёти Тоҷикистон муваффақиятҳои назаррас нашуда бошад ҳам, яъне аз 81%- соли 2000-ум коҳиш додани камбизоатӣ то 21,2% дар соли 2023, бояд дар солҳои оянда дар мавриди таваҷҷуҳи асосии Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ ҳоҳад монд. Дар Паём оид ба масъалаи мазкур чунин омадааст: “...ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намояд”. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаҳои паст намудани сатҳи камбизоатӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар буда, яке аз самтҳои афзалиятноки ҳалли муаммоҳои иҷтимою иқтисодии ҷомеаи муосир маҳсуб меёбад.  
   Барои расидан ба ин ҳадаф Сарвари давлат пешниҳод менамоянд, ки соли 2024 суръати рушди иқтисоди миллӣ на кам аз 8%-ро ташкил намояд. Ба ақидаи мо, барои иҷрои ин супориши Пешвои муаззами миллат дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ иқтидори истеҳсолӣ на танҳо басанда, балки барои аз он ҳам зиёд намудан имкониятҳои мавҷуда фароҳам аст. Нахуст, барои амалишавии он иродаи қавӣ ва сиёсии Роҳбари давлат нақши ҳалкунанда дорад, ки онро ҳама қишрҳои аҳолӣ пурра дарк ва эҳсос намуда истодаанд, зеро хусусияти сатҳи баланди меҳнатдӯстии халқи тоҷик аз давраҳои қадим то ҳол ҳамчун ободкору созанда эътироф гардидааст. 
   Илова бар он, марҳила ба марҳила мунтазам давом додани амалишавии барномаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар соҳаи кишоварзӣ, саноатикунонии босуръат дар кулли манотиқи ҷумҳурӣ, мавҷудияти захираҳои азими гидроэнергетикӣ ва боигариҳои табиӣ то ҳоло ба ҷараёни истеҳсолот вориднагашта, табиати нотакрор ва биҳиштосои ҷумҳурӣ, ки иқтидори васеи сайёҳии кишварро ташкил медиҳад, амалишавии лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ (дар Паём омадааст, ки ҳоло 724 лоиҳаи сармоягузорӣ бо 152 млрд сомонӣ дар амал аст), ташаккули синфи соҳибкорони ватандӯст ва ғайра, дар умум, иқтидори бузург дар роҳи таъмин намудани сатҳи рушди иқтисодии интизорӣ имконпазир мебошад.
   Дар Паём барномаи солонаи рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ муайян гардида, дар он ба бахши воқеии иқтисодиёт аҳамияти хоса дода шудааст, алалхусус, ба таҷдиди фаъолияти соҳаи саноат. Солҳои охир амалишавии ҳадафи саноатикунонии босуръат бомаром идома дорад, ки бевосита барои пурзӯр намудани иқтидори истеҳсолии кишвар мусоидат хоҳад кард. Дар Паёми Пешвои миллат оид ба масъалаи мазкур чунин омадааст: “Дар зарфи солҳои истиқлоли давлатӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад. Танҳо аз ҳисоби зиёд шудани иқтидорҳои саноатӣ дар замони истиқлол талабот ба неруи барқ беш аз 800 мегаватт зиёд гардид. Дар 75 соли замони гузашта (то соли 1991) дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт.”
   Ҳоло низ, дар шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи кишвар имкониятҳои васеъ барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ мавҷуд аст. Хусусан, бештари маҳсулоти кишоварзӣ бе коркарди иловагӣ ба содирот равона мегардад, ки минбаъд ба ин, бояд таваҷҷуҳи хоса дод. Бинобар ин, баҳри вусъат бахшидан ба рушди соҳаи саноат ва ба даст овардани натиҷаҳои назаррас аз ҷониби Пешвои муаззами миллат чунин вазифагузорӣ карда шуд: “Ҳукумати мамлакат, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки афзоиши назарраси ҳаҷми коркард ва маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, баланд бардоштани рақобатнокӣ ва гуногунсамтии истеҳсолот, ҷойгиркунонии самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таъсиси маҷмааҳои саноатиро таъмин намоянд. Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба рушди саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ба ин васила ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолии кишвар, хусусан, ҷавонону бонувон эътибори махсус диҳанд.”
Иҷро намудани дастуру супоришҳои мазкур бевосита дар фаъолияти минбаъда раванди саноатикунонии кишварро ба сатҳи нав мебарорад, зеро он дар натиҷаи бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав иҷро мегардад. Барои он захираҳои молиявӣ низ аҳамияти бузург дорад, ки аз сатҳи сармоягузории мустақим вобаста аст. 
   Афзоиши сармоягузорӣ аз бисёр сарчашмаҳо маншаъ мегирад, ба монанди буҷети давлатӣ, созмонҳои молиявии байналмилалӣ, соҳибкорони ватанӣ, ширкатҳои хориҷӣ, шарикони рушд ва ғайра. Дар робита ба ин, дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки муҳити мусоиди инвеститсионӣ муҳайё гардад. Дар ҳолати фароҳам сохтани муҳити мусоид фаъолнокии сармоягузории субъектҳои иқтисодӣ боз ҳам афзоиш меёбад. Дар ин самт, дар Паёми Пешвои муаззами миллат чунин вазифагузорӣ карда шудааст: “Тибқи «Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030» ҳаҷми сармояи мустақим то соли 2026 нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 10 фоиз расонида шуда, солҳои 2022 – 2026, яъне дар панҷ сол, бояд ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шавад.”
   Боиси хурсандӣ аст, ки дар меҳвари суханрониҳои Пешвои муаззами миллат оид ба таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба бахши воқеӣ, рушди соҳибкорӣ ва дастгирии мунтазами ҷойгоҳи хоса дорад. Дар ин бора дар Паём чунин омадааст: “Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки барои баланд бардоштани шаффофият, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва бартараф кардани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт тадбирҳои саривақтиро амалӣ созанд ва ташаббусҳои соҳибкоронро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд.” 
   Дар иқтисодиёти бозорӣ яке аз механизмҳои асосии вусъатбахши ҷараёни такрористеҳсол  ин бахши соҳибкорӣ мебошад, ки дар ташкили ҷойҳои кории нав, ғанӣ гардондни бозори миллӣ бо молу маҳсулот, истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, амалӣ намудани ғояҳои инноватсионӣ дар истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, тақвият додани иқтидори содиротии кишвар нақши ҳалкунанда дорад. Дар бораи таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат нисбат ба соҳибкорӣ далелҳои хеле зиёдро овардан мумкин аст. Ба монанди ҷорӣ намудани мониторингҳо, додани имтиёзу сабукиҳои андозию гумрукӣ барои соҳибкорон, танзими монеаҳои маъмурӣ, сохтани ташкилоти молиявии махсус ва ғайраҳо, ки дар солҳои қаблӣ амалӣ гардида буданд. 
   Баҳри рушди соҳаи саноат, соҳибкорӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ, муассисаҳои инфрасохтори иҷтимоӣ ва умуман, рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, ки ба истиқлолияти энергетикӣ вобаста аст, дар Паём алоҳида қайд карда шуд: “... соли 2025 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем. ... Бо ин мақсад дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳоло дар ин иншооти муҳими аср 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва 3,5 ҳазор техникаи сохтмонӣ фаъолият доранд. Бо амалисозии тадбирҳои зикршуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Яъне, Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад. Ҳоло кишвари мо аз рӯйи фоизи истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон дар ҷойи 6-ум қарор дорад.” 
Нуктаҳои дар боло қайдгардида дар арсаи байналхалқӣ барои мустаҳкам кардани мавқеи Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард, зеро алҳол дар миқёси ҷаҳон масъалаи ташаккули “иқтисодиёти сабз”  ба яке аз муаммоҳои мубрам мубаддал гаштааст. Дар ҳалли масъалаи мазкур Тоҷикистон дар оянда метавонад, ба гурӯҳи давлатҳои муваффақ дар самти ташаккули “иқтисодиёти сабз” ворид гардад. 
   Баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафи стратегии давлат оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар иқтисодиёти миллӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда истодааст. Новобаста аз он, ки солҳои охир дар натиҷаи тағйирёбии иқлим, таъсири омилҳои табиӣ, кам гаштани боришот, пайи ҳам омадани хушксолӣ, дар натиҷаи заҳмати шабонарӯзӣ кишоварзони мамлакат дар истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд, ки аз ҷониби Пешвои миллат дар Паём ба заҳмати онҳо баҳои баланд дода шуд. Қайд карда шуд, ки: “Соли 2023 таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар кишвар ба 85 фоиз расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 2,5 баробар зиёд мебошад. Истеҳсоли картошка (122 фоизи талабот), сабзавот (174 фоиз), пиёз (527 фоиз), сабзӣ (360 фоиз), полезӣ (312 фоиз), гӯшту шир (100 – фоизӣ) барзиёд аз меъёри истеъмолӣ таъмин гардидааст. Яъне имрӯз кишвари мо бо ин намудҳои маҳсулоти озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ пурра таъмин мебошад”.
Дар робита ба ин, Пешвои муаззами миллат зимни Паём бо назардошти афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим ба масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ дар самти афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, аз ҳама муҳим барои ташкил намудани соҳаи коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. 
   Дар Паём Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равияҳои асосии рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро дарбар гирифта, нақши онро дар беҳтар намудани некӯаҳволии халқ иброз намуданд. Махсус қайд намуданд, ки: “Дар солҳои 2018 – 2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст. Дар ин давра 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардида, соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст. Вале таъкид менамоям, ки имкониятҳои барои рушди соҳа истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёданд”. Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ минбаъд ҳамчун фаъолияти халқӣ дар кишвар метавонад, ба яке аз сарчашмаҳои асосии дарёфти захираҳои асъорӣ-тиллоии кишвар мубаддал гардад,  зеро барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ заминаи мусоид мавҷуд мебошад. Алалхусус, мавҷудияти иншооти қадимаи таърихиву фарҳангӣ, кӯҳҳои баланди зебоманзар, табиати нотакрор ва ғайраҳо мисоли ин гуфтаҳост. Боиси қайд аст, ки дар Паём таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Пешвои миллат оид ба ворид намудани 15 ёдгории таърихиву фарҳангӣ ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО таъкид карда шуд. Оид ба васеъ паҳн намудани ҳунарҳои мардумӣ гуфтан ҷоиз аст, ки сокинони кишвар аз қадимулайём соҳиби касбҳои гуногун, ба монанди косибӣ, атласу адрасбофӣ, заргарӣ, қолинбофӣ, оҳангароӣ, чубтарошӣ, кордсозӣ ва ғайраҳо ва дар минтақаи Роҳи Абрешим машҳур буданд.
   Месазад қайд намоем, ки ҳунарҳои мазкур аз авлод ба авлод дар солҳои тӯлонӣ боқӣ мондааст ва ҳоло танҳо таваҷҷуҳи хоса зарур аст, ки онҳо рушд ёбанд. Сарвари давлат доир ба ин масъала чунин изҳор доштанд: “Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти сайёҳӣ ва назорати қатъии онҳо зарур аст, ки таҳти роҳбарии муовини дахлдори Сарвазири кишвар бо шомил намудани яке аз муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи кории босалоҳияти доимӣ таъсис дода шавад. Амалисозии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва заргарӣ, инчунин, касбу ҳунаромӯзии шаҳрвандони мамлакат, ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат ва истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ ба зиммаи ин гурӯҳи корӣ вогузор карда шавад”.
Пешвои миллат барои вусъат додани ҳунармандиву косибӣ дар байни аҳолӣ Бонки миллӣ ва дигар институтҳои молиявию қарзиро вазифадор намуданд, ки қарзҳои молиявии имтиёзнокро дар ин соҳа минбаъд пешниҳод намоянд. 
   Дар Паёми худ Пешвои муаззами миллат дар радифи таъмини пешрафти кишвар ба масъалаи тайёр намудани сармояи инсоние, ки аз фаъолияти босамари низоми маориф ва илм вобастагии қавӣ дорад, алоҳида истода гузаштанд. Умуман, дар қатори масъалаҳои иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ аз рӯзҳои аввали ба арсаи сиёсат омадан Пешвои миллат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Илму маорифро ҳамчун самти калидии ояндаи давлат меҳисобанд. Дар баробари қайди муваффақиятҳо дар соҳаи маориф ва илм доир ба масъалаи ба сифати таҳсилот ва талаботи муосири иқтисодиёт ҷавобгӯ будани кадрҳои омодашаванда ба масъулин чунин вазифагузорӣ намуданд: “Вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, уҳдадоранд, ки тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муосир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намоянд. Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намояд.”
   Дар шароити муосир таъмини иҷроиши вазифаҳои дар боло қайдгардида, муаммоҳое, ки дар соҳаи маориф ва илм мавҷуданд, ба ақидаи мо ҷиҳати дар сатҳи баланд ҳал намудан мусоидат менамояд. Алалхусус, масъалаҳои ҳамгироии илм бо истеҳсолот, тайёр намудани мутахассисони варзидаи ҷавобгӯи талаботи муосир, мутобиқ гардонидани талаботи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба пешниҳоди кадрҳои омодашавандаи низоми маориф, такмили барномаҳои таълимӣ тибқи талаботи истеҳсолот ва ғайра. Дар ин самт Пешвои муаззами миллат барои рушди минбаъдаи низоми маориф, тайёр кардани сармояи инсонӣ баҳри ҷавобгӯ будан ба талаботи ҷаҳони муосири ҳар сол зарурати сохтан ва ба истифода додани биноҳои таълимӣ, мактабҳо, баланд бардоштани мавқеъ ва манзалати омӯзгор дар ҷомеа аҳаммияти хоса медиҳанд. Дар Паём қайд карда шуд, ки аз рӯи талаботи маблағгузории соҳаи маориф тибқи раддабандии ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2023 дар байни 183 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон мавқеи 21-умро дорад. Ин аз сатҳи баланди таваҷҷуҳи маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат шаҳодат медиҳад. 
Маврид ба зикр аст, ки имсол дар қаламрави кишвари азизамон 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки  мардуми сарбаланди тоҷик онро бо ифтихор интизорӣ мекашанд, зеро тибқи арзёбиҳои байналхалқӣ Конститутсияи давлати мо дар байни кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз беҳтаринҳо маҳсуб меёбад. 
   Дар солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри такон бахшидан ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, таҳкурсии ҳуқуқии ҳамагуна амалиётҳо, фаъолияти ниҳодҳои гуногун коркард ва амалӣ шуда истодаанд. Дар ҳақиқат, чӣ тавре ки дар Конститутсия омадааст, дар кишвар принсипи волоияти қонун амал мекунад. Далели ин гуфтаҳо, имрӯзҳо дар саросари кишвар сулҳу субот, ваҳдат, амнияти шаҳрвандон пурра таъмин буда, Тоҷикистон дар байни кишварҳои ҷаҳон яке аз кишварҳои бехатартарин ва  тинҷу обод эътироф шудааст. Бинобар ин, дар даврае, ки 30 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешвоз мегирем, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии  ҳар  як шаҳрванд аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эълон намудани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” хеле бамаврид  аст. Итминон дорем, ки ин иқдоми бузурги Пешвои миллат аз ҷониби ҳамагон якдилона қабул шуда, ҳамчун дастури амалӣ роҳандозӣ мегардад. Ин пешниҳоди Пешвои муаззами миллат барои  ҷомеаи меҳнатии  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ аз масъалаҳои мубрам буда, амалинамоии он боиси ифтихор аст, зеро дар минтақаи вилояти Суғд донишгоҳи мазкур факултети ҳуқуқшиносӣ дошта, мутахассисони ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯро омода мекунад. Доир ба ин иқдом ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ корҳои назаррасро дар ин самт ба анҷом расониданист.
   Президенти мамлакат зимни ироаи Паём дар қатори масъалаҳои дар боло зикргардида ба дигар мавзӯъҳои мубрами рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон низ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Масалан, ба рушди соҳаи тандурустӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ, рушди соҳаҳои фарҳанг, варзиш, нақши ҷавонон, занону бонувон дар рушди иқтисодӣ, муносибатҳои байналхалқӣ, ҳамсоягӣ ва сиёсӣ, диққати масъулин равона карда шуд, ки ҳамаи ин масъалаҳоро дар як мақола дарбар гирифтан ғайриимкон аст.
Ба андешаи мо, рушди ҳамаи ин самтҳо аз нигоҳи некбинонаву дурбинонаи Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад, зеро он баҳри иҷрои барномаву нақшаҳои созандаю бунёдкорона, рушди устувори давлат ва ба ободии Ватан равона карда шудааст. 
   Умуман, дастовардҳои назаррасе, ки дар солҳои истиқлоли давлатӣ ба вуқуъ пайвастаанд, бо сулҳу суботи комил, ваҳдату пойдории миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандории мардуми кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамбастагӣ доранд. Ба ҳамин хотир, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳисси баланди миллиро ҳаргиз фаромӯш насозад ва сулҳу оромӣ, суботи сиёсиро ҳифз намояд, зеро ин омилҳо роҳи муҳимтарини рушди иқтисодиёти давлат ва ҷомеа мебошанд.  
 

Саидмуродзода Л.Ҳ., узви вобастаи АМИТ, 
доктори илмҳои иқтисодӣ,  профессор 
Ризоқулов Т.Р., доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, 
муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи 
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 
Алимов А.Л. номзади илмҳои иқтисодӣ

 

Меню: