«Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат»

Автор: IED.TJ Дата публикации: Пятница, 10 Ноябрь, 2023 - 15:34

Санаи 10-уми ноябри соли 2023 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31- солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари беш аз 100 нафар ҷавонони фаъоли вазорату идораҳо, устодону донишҷӯён ва иштирокчиёну ғолибони озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Илм-фурӯғи маърифат» ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» ба шаҳри Норак ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон доир гардид, ки дар қатори онҳо муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ оид ба масъалаҳои умумӣ Турсунов Исмат Ҷумаевич иштирок намуданд.
Дар доираи Ҳамоиш боздиди иштирочиён аз Осорхонаи шаҳри Норак, Осорхонаи мактабии Пешвои муаззами миллат дар ноҳияи Данғара, боздид аз дастовардҳои донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва баргузории Ҳамоиш таҳти унвони «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат» дар ноҳияи Данғара баргузор гардид.
 

Меню: