16 ноябри соли 2023 дар толори Шурои олимон бо иштироки ходимони илмии Институт ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, доир ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ ва дастовардҳои назарраси даврони Истиқлолияти давлатӣ ва идораи президентӣ суханронӣ намуданд.
Дар ҷамъомад муовини директори Институт оид ба корҳои илм ва таълим, д.и.и., профессор Мирсаидов Аврор Бобоевич дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар ҷомеаи муташаккилу ратсионалӣ» баромад намуданд.
Ҳамзамон, Холбобоев Ф.С. – н.и.и., ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ ва Алимов А.Л. – н.и.и., мудири шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ оид ба мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ҳамчун як ниҳоди бузурги сиёсиву маънавӣ ва роҳнамои дурусти давлатсозӣ, худшиносиву худогоҳӣ, посдори амну субот, эҳёи анъанаву суннатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳо ва музаффариятҳои миллӣ ва дигар самтҳои созандагиву бунёдкорӣ суханронӣ намуданд.
+992 (37) 221-67-50 Главная | Карта сайта | Контакты |