Шурои олимон

Автор: IED.TJ Дата публикации: Пятница, 27 Октябрь, 2023 - 15:15

Рӯзи 27 октябри соли 2023 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.

1. Доир ба интизоми меҳнат ва иштироки кормандон дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ.
2. Арзёбии фаъолияти ҳуҷҷатнигорӣ дар шуъбаи кадрҳо ва шуъбаҳои илмии Институт.
3. Дар бораи пешниҳоди номзад барои дарёфти Ҷоиза ва Дипломи АМИТ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар соли 2023.
4. Оид ба рафти иҷрои мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 «Масъалаҳои назариявӣ-методологии рушди инноватсионии иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1116, аз 15.03.2021).
5. Дар бораи ба нашр тавсия намудани китоби мудири шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, д.и.и. Каримова М.Т. «Основы региональной экономики».
6. Дар бораи ба нашр тавсия намудани асарҳои мунтахаби аъзои вобастаи АМИТ Юсуфбеков Р. «Талаботи ҳаёт ва вазифаҳои нави маорифи халқ».
7. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои мудири шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, д.и.и. Каримова М.Т. барои дарёфти унвони илмии «профессор»-ӣ аз рӯи ихтисоси «Иқтисодиёт».
8. Масъалаҳои ҷорӣ
 

Меню: