Аз силсилаи чеҳраҳои академикӣ

Автор: WWW.IED.TJ Дата публикации: четверг, 27 Июль, 2023 - 18:55

     Санаи 27-уми октябри соли 2012 дар маросими ифтитоҳи мактаби нав дар Деҳаи Қалъачаи гули зарди шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ қайд карданд, ки «аксарияти ҳамватанонамон аз хизматҳои шоистаи шоирону олимони шӯҳратёри истаравшанӣ, аз ҷумла, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Аҳрор Мухторов, Раҷаб Амонов, Ҳабибулло Саидмуродов ва амсоли онҳо ҷиҳати рушди илму адаби тоҷик хуб огоҳанд. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар яки мо ва махсусан кормандони соҳаи маорифи вилоят ва шаҳри Истаравшан аз он иборат аст, ки фарзандонамонро дар руҳияи илму донишомӯзии ин шахсиятҳои шинохтаву ватандӯсти миллатамон тарбия ва ба камол расонем».
Воқеан ҳаёти академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳабибулло Саидмуродов зиндагиномаи пурбаракату нотакрорест. Ҳар гоҳ, ки сухан дар бораи рушди илми иқтисодии мамлакатамон меравад, дар радифи аввалинҳо номи Ҳ. Саидмуродов ба забон меояд. Ин бесабаб нест, зеро дар кулли комёбиву муваффақиятҳои назарраси таърихи илми иқтисоди кишварамон заҳмат ва ҳиммати ин марди наҷиб, яке аз саромадони илми иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ, нақши абадӣ дорад.
     Ҳабибулло Муродович Саидмуродов 30-юми июли соли 1933 дар шаҳри Ӯротеппа (Истаравшани ҳозира) чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аз соли 1955 то соли 1959 Ҳабибулло Саидмуродов дар кафедраи таърихи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистии (ИҶШС)-и Донишгоҳи мазкур кор кардааст. Солҳои 1958 - 1961 аспиранти Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 1961 то соли 1973 дар вазифаҳои ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ ва мудири сектор ва баъдан мудири шӯъбаи таърихи хоҷагии халқи Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1973 -1991 раиси Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунанда, саркотиби илмии Президиум, аъзои президиум ва ноиб - президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 1990 Ҳ.Саидмуродов намояндаи (депутати) халқии ҶТ интихоб мешавад. Солҳои 1991- 1992 дар вазифаи ҷонишини Раиси Кабинети Вазирони Ҷумҳуриии Тоҷикистон кор кардааст. Аз ибтидои соли 1993 то соли 1999 ходими илмии Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунанда, аъзои президиум ва академик – котиби АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ин абармард баробари фаъолияти пурсамари меҳнатии зикршуда ба комёбиҳои бузурги илмӣ ноил гардид.
     Соли 1976 бо қарори маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Ҳ.Саидмуродов узви вобаста ва соли 1987 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешавад. Ба қалами академик Ҳ.Саидмуродов зиёда аз 400 корҳои илмӣ, аз ҷумла, 30 монографияҳо, рисолаҳо ва китобҳои дарсӣ мансуб аст.
Ҳаёти илмии академик Ҳабибулло Саидмуродов ба пажӯҳиши проблемаҳои таърихи хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд буд. Солҳое, ки Ҳабибулло Саидмуродов ба корҳои илмию эҷодӣ пардохт, барои рушду таҳкими иқтисоди Тоҷикистон давраи дорои аҳамияти бузург буд. Дар ин давра барои ҷомеа олиме зарур буд, ки ба таври возеҳ ва бурро принсипҳои иқтисодии сохти навинро эълом намуда ба роҳи тайкарда дар соҳаи иқтисод баҳои амалӣ бидиҳад. Чунин олиме, ки кори гузаштагони хеш ба сомон расонд Ҳ.Саидмуродов буд.
     То соли 1973 мавсуф ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи таърихи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ машѓул буд. Дар ин давра ӯ монографияҳо ва рисолаҳое менависад, ки дар онҳо ба таърихи иқтисодиёти Тоҷикистон ба таври муназзам баҳо дода шудааст: «Хоҷагии қишлоқи ҶШС Тоҷикистон дар давраи панҷсолаи якум (солҳои 1928-1932)» (1962); «Барпо кардани таҳкурсии иқтисодиёти сотсиалистӣ дар хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (1965); «Муносибатҳои истеҳсолии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (1965); «Инкишофи иқтисодӣ ва фарҳанги Тоҷикистони Шӯравӣ» (1965); «Аз омоч ба трактор» (1967); «Очеркҳои таърихи хоҷагии халқи Тоҷикистон (солҳои 1917-1965) бобҳои II-VII)» (1967); «Ёрии ҷумҳуриҳои бародар дар инкишфои иқтисодиёти Тоҷикистони Шӯравӣ» (1968); «Дар ҳаёт татбиқ кардани назарияи ленинии инкишофи ѓайрикапиталистӣ дар Тоҷикистон» (1969); «Индустриякунонии ноҳияҳои қафомондаи ИҶШС дар мисоли ҶШС Тоҷикистон» (1968);  «Азнавсозии аграрӣ ва ташаккулёбии системаи сотсиалистии хоҷагидорӣ дар Тоҷикистон» (1972); «Аз таърихи индустриякунонии ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1926-1941). Сарсухан (1972)».
     Тадқиқоти ҷамъбастии он солҳо оид ба таърихи хоҷагии халқи Тоҷикистон дар диссертатсияи доктории ӯ - «Азнавсозиҳои аграрӣ ва ташаккулёбии хоҷагии қишлоқи сотсиалистӣ дар Тоҷикистон» (1972) инъикос ёфтааст. Ба иқтисодчиён маълум аст, ки дар ибтидои солҳои 60-уми асри гузашта рушди қувваҳои истҳесолкунанда аллакай омули мустақили таѓйирот (дигаргунсозиҳо) дар системаи муносибатҳои истеҳсолии Тоҷикистон табдил ёфта буд. Бинобар ин, бесабаб нест, ки он солҳо дар соҳаи инкишоф ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда пажӯҳишҳои илмӣ авҷ гирифт.
     Дар ҳаёти Ҳабибулло Саидмуродови 40-сола баъд аз интихоб шуданаш ба вазифаи раиси Шӯро оид ба омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Президиуми Академияи илмҳои ҷумҳурӣ саҳифаи нав оѓоз гардид. То ин вақт дар ин муассиса таҳти роҳбарии академик И.К.Нарзиқулов коллективи устувори илмӣ ба воя расида буд, ки онҳо корҳои хеле зиёдеро оид ба дурнамои инкишофи хоҷагии халқ барои давраи дарозмуддат анҷом дода буданд. Аз тарафи ин коллектив «Схемаи инкишоф ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи ҶШС Тоҷикистон барои солҳои 1971-1980-ум» таҳия ва «Консепсияи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаи ҶШС Тоҷикистон то ба солҳои 1990-ум» пешниҳод шуда буд.
     Қайд намудан ба маврид аст, ки дар доираи Нақшаи чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои сазовор ҷашн гирифтани 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Шӯрои олимон тасдиқ карда шудааст (протоколи №1 аз 28.01.2022) моҳи октябри соли ҷорӣ доир намудани конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Омӯзиши масъалаҳои рушди қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон: таърих ва вазъи кунунӣ» дар назар дошта шудааст.
Ҳамзамон, бахшида ба 90 солагии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳабибулло Саидмуродов тибқи қарори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (протоколи №6 аз 02.06.2023) Асарҳои мунтахаби академик Саидмуродов Ҳ.М. «Таърих ва иқтисод тавъаманд» ҷилди I ва II аз ҷониби муассисаи нашриявии «Дониш»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистоназ чоп бароварда шуд.

     Чунин шахсиятҳо намиранда ҳастанд. Онҳо бо гуфтору кирдори нек ва бо хислатҳои наҷиби инсондӯстӣ, садоқат ба ватан, далериву мардонагӣ дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтаанд. Агарчи марг ҷисми чунин абармардонро аз байни мо рабуда бошад ҳам, аммо хотираи онҳо ҳамеша бо мост. Ба қавли устод Саъдии Шерозӣ:

Зиндаву ҷовид монд, ҳарки накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро!

Меню: