Машқи пагоҳирӯзии ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Автор: IED.TJ Дата публикации: суббота, 3 Июнь, 2023 - 09:16

Санаи 03.06.2023 бо мақсади тарғибу ташфиқи тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш ва ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тамрину машқҳои пагоҳирӯзӣ, инчунин, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна амалҳои номатлуб таҳти унвони «Миллати ҷисман солим-рӯҳан низ, муқтадир ва шикастнопазир аст» дар назди бинои Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи директори Институт, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода, ҷалби васеи ходимони илмӣ ва магистрантон машқи пагоҳирӯзӣ гузаронида шуд. 
Бо назардошти ин гуна чорабиниҳои дастаҷамъона коллективи меҳнатдӯсти Институт тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ, чунин машқу тамринҳои пагоҳирӯзиро бо ҷалби васеи ходимони илмӣ ва магистрантон ба роҳ монад.
 

Меню: