Шӯрои олимон

Автор: IED.TJ Дата публикации: Пятница, 30 Декабрь, 2022 - 16:53

Рӯзи 30 декабри соли 2022 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шӯрои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
1. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар соли 2022.
2. Оид ба рафти иҷрои мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2020-2024 «Нақши диаспораҳо ва муҳоҷирон дар сармоягузории рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (рақами бақайдгирӣ №0120ТJ01039, аз 18.03.2020)
3. Оид ба натиҷаҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Комплекси нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он»
4. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ барои соли 2023
5. Оид ба тасдиқ намудани мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ ва роҳнамои илмии унвонҷӯён, магистрантон ва докторантон (PhD)-и соли якуми таҳсил
6. Оид ба қабул ва баррасии диссертатсияҳои унвонҷӯёни Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ: 
- Ҳасанзода Нодира Ҳоҷимурод – «Омилҳои ташаккул ва методҳои баланд бардоштани имиҷи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон», роҳбари илмӣ –д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б.
- Азизов Сафарҷон Ахмедшоевич – «Эффективные методы регулирования финансового рынка», роҳбари илмӣ – академики АМИТ, д.и.и., профессор Қаюмов Н.Қ.
- Сафарзода Умедҷон Маҳмадшариф – «Таъмини институтсионалии фаъолияти идоракунӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (дар мисоли муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон)», роҳбари илмӣ – д.и.и., профессор Ҷабборов А.
- Шарафидинова Гулчеҳра Ёдгоровна – «Такмил додани ташкили истеҳсоли хизматрасониҳои таҳсилотӣ дар асоси таҳқиқоти маркетингӣ», роҳбари илмӣ – д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б.
7. Оид ба муҳокимаи диссертатсияҳои унвонҷӯёни Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ 
- Турдибеков Беҳзодҷон Абдуваҳобович – «Информационное обеспечения управления конкурентоспособности производственного предпринимательства» (на материалах предпринимательского сектора Согдийской области), роҳбари илмӣ – д.и.и., Мирсаидов С.А. 
- Нематова Парвина Муҳамадалиевна – «Совершенствование механизма информационного обеспечения системы управления здравоохранением Таджикистана», роҳбари илмӣ – узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ.
- Мухаков Манучеҳр Амирхонович – «Мукаммалгардонии механизми иқтисодии байналмилалишавии бозори хизматрасониҳои таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», роҳбари илмӣ – д.и.и., профессор Қодирзода Д.Б.
8. Дар бораи ба нашр тавсия намудани китоби академики АМИТ Раҳимов Р.К. ва Довгялло Я.П., н.и.и., ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ «Конспекты по вопросам экономической теории»
9. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи дастҷамъонаи шуъбаи таҳқиқоти демографӣ «Масъалаҳои парокандашавии оилаҳо дар шароити муносибатҳои бозории рушдёбанда»
10. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои сарходими илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, д.и.и. Шарипов Баҳром Маҳмудович барои дарёфти унвони илмии «дотсент»-ӣ аз рӯйи ихтисоси «Иқтисодиёт»
11. Масъалаҳои ҷорӣ.
11.1. Дар бораи даровардани тағйирот ба қарори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз 27 ноябри соли 2020, №11.
 

Меню: