Санаи 29-уми ноябри соли 2022 дар толори бинои Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон арзёбии рафти иҷрои лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникии Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ барои солҳои 2020-2022 баргузор гардид. Дар баррасии лоиҳаҳо директори Институт, муовини директор, котиби илмӣ, роҳбарони илмии лоиҳаҳо ва ходимони илмии шуъбаҳои Институт, ҳамзамон, аъзоёни Комиссияи баҳодиҳии рафти иҷрои лоиҳаҳои илмӣ-техникии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби роҳбарони илмии лоиҳаҳо ҳисоботи мавзӯъҳои фармоишӣ, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар шакли презентатсия пешниҳод карда шуд.
+992 (37) 221-67-50 Главная | Карта сайта | Контакты |