Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик»

Автор: IED.TJ Дата публикации: вторник, 19 Апрель, 2022 - 14:28

Санаи 19-уми апрели соли 2022 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик» маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар кори он аъзои пайваста ва вобастаи АМИТ, директорон, ҷонишинон, котибони илмӣ ва дигар ходимони илмии даъватшудаи муассисаҳои илмии зертобеъ аз АМИТ ширкат намуданд. Ҷаласаро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии «Рӯзи илми тоҷик» табрик намуд ва зимни сухани табрикии хеш нақши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар рушди ҳамаҷонибаи мамлакат таъкид сохт.
Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуба Сатториён сухан карда, таъкид намуданд, ки таъмини рушду тараққии кишварамон аз бисёр ҷиҳат аз шакли фаъолияти илмии олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста мебошад.
Ҳамзамон, дар анҷоми ҷаласаи тантанавӣ, ба як қатор олимоне, ки дар соли гузашта дастовардҳои назарраси илмӣ доштанд, «Ифтихорнома»-и АМИТ супорида шуд. 
 

Меню: