24 декабри соли 2021 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ таҳти роҳбарии директори Институт, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода ва бо иштироки кормандони ИИваД АМИТ маҷлиси ҷамъбастӣ -ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамзамон, дар рафти ҷаласа омӯзишу таҳлили Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ », ки 21 декабри соли 2021 ироа карда шуд, баррасӣ шуд. Дар кори ҷаласа раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода З.А. ва муовини раиси Кумитаи Иҷроияи «Хирадмандон»-и ҲХДТ дар АМИТ Қурбонова Ширин иштирок намуданд.
+992 (37) 221-67-50 Главная | Карта сайта | Контакты |